Дар ҳамлаи мушакии Русия ба Виннитсаи Украина 23 ғайринизомӣ кушта шуданд

Шаҳри Виннитсаи Украина, 14 июли соли 2022.

Мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Виннитса дар минтақаҳои марказии ин кишвар дастикам 20 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Артиши Украина гуфт, дар ин ҳамла се мушак аз як киштӣ дар Баҳри Сиёҳ, ба шаҳри Виннитса дар 200-километрии ғарби Киев бархӯрданд ва системаи зиддиҳавоии Украина тавонист ду мушаки дигарро роҳгирӣ кунад ва аз байн барад.

Дар наворҳои видеоие, ки аз ҷойи афтодани мушакҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, метавон дуди сиёҳеро, ки аз як бинои баланд бархостааст, мушоҳида кард. Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол, ин маргбортарин ҳамла б ғайринизомиён мебошад.

Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дастикам се кӯдак дар ин ҳамла ҷон бохтанд. Дар аксҳое, ки аз маҳали бархӯрди мушакҳо нашр шудааст, метавон аробачаи (коляска) чаппашуда дар пиёдарав ва ҷасадеро дар паҳлӯи он дид, ки рӯи он пӯшонида шудааст. Шумораи зиёде аз мошинҳое, ки тахриб шуданд ва деворҳое, ки аз ин бино фурӯ рехтааст, дар аксҳои дигар ба чашм мехӯранд.

Масъулини шаҳри Виннитса дар аввалин хабарномаи худ гуфтанд, ки ҳудуди 50 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд ва дастикам 15 нафари дигар нопадид шудаанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар бахше аз суханронии онлайнӣ дар нишасте дар мавриди пайгирии ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Украина гуфт, "мушакҳои Куруз ба ду нуқтаи ғайринизомӣ бархӯрд кардаанд. Шумораи зиёде аз хонаҳои мардум ва як маркази беҳдоштӣ вайрон шудааст ва мошинҳо ва трамвай дар оташ сӯхтанд. Ин амали террористии Русия аст. Шумораи қурбониён то ин лаҳза ҳудуди 20 нафар аст".

Вазорати дифои Русия, ки борҳо ҳамла ба нуқтаҳои аҳолинишинро рад кардааст, то кунун дар мавриди ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Виннитса изҳори назар кардааст. Муовини вазири дифои Украина дар як нишасти хабарӣ дар Киев ин ҳамларо "далели бештаре аз наслкушӣ" хонд.

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина низ дар паёме дар шабакаи "Твиттер" Русияро ба "иртикоби ҷинояти ҷангии дигар" муттаҳам кардааст.

Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Украина дар баёнияе гуфтааст, ки соати даҳу панҷоҳ дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ як мушак ба паркинги як бинои идории 9-табақа бархӯрд. Бар асари таркиши мушак, биноҳои истиқоматии атроф низ зарар дидаанд ва як сӯхтори калон рӯй дод. Як мақоми баландпояи ин ниҳод гуфт, ба эҳтимоли зиёд ёфтани қурбониён, ки зери деворҳо мондаанд, феълан имкон надорад.

Шаҳри Виннитса то оғози ҳамлаи Русия ба Украина тақрибан 370 ҳазор нафар аҳолӣ дошт. Ин шаҳр аз хатти аввали ҷанг садҳо километр дур буд ва то андозае дар оромӣ ба сар мебурд.