Пизишкон дар Қазоқистон афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба коронавирусро мушоҳида мекунанд.
Дар як рӯзи охир дар он кишвар 104 нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 14 кас дар ҳолати вазнин дар бемористон ҳастанд.
Бештари гирифторон дар шаҳри Алмато будаанд.
Дар Қазоқистон пӯшидани ниқоб дар нақлиёту ҷойҳои иҷтимоӣ дигарбора ҳатмӣ шуд.