Бонки Марказии Узбекистон тасмим гирифтааст, пулҳои нави 200-ҳазорсӯмиро аз 15-уми июл ба муомилот барорад.
Ин пулҳо ба мавзӯи "Роҳи бузурги абрешим" ва таърихи қадимии водии Фарғона бахшида шудаанд.
Дар қисмати рости ин пулҳо акси шутур - рамзи "Роҳи бузурги абрешим" нақш ёфтааст.
Дар қисмати чапи 200-ҳазорсӯмӣ ёдгории "Худоёрхон урдасӣ" нақш ёфтааст, ки дар шаҳри Қуқанди вилояти Фарғона ҷойгир аст.
Дар моҳи декабри соли гузашта Узбекистон пулҳои 50-ҳазорсӯмӣ ва 100-ҳазорсӯмиро ба муомилот бароварда буд.