Як ҳайати "Толибон" ба Тошканд меравад

Намояндагони гуруҳи "Толибон"

Ҳайати "Толибон" дар нишасти байнулмилалӣ дар бораи Афғонистон дар шаҳри Тошканди Узбекистон иштирок мекунад. Нишаст рӯзҳои 25 ва 26-уми июл баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон, рӯзи 11-уми июл хабар дод.

"Мо ҳайати ҳаракати "Толибон"-ро мунтазирем, ки имрӯз ҳукумати воқеии Афғонистон ба ҳисоб мераванд", - гуфт Норов.

Вай илова кард, ки иштироки Толибон дар конфронс "маънои эътироф кардани онҳоро надорад".

"Мавқеи мо - Русия, Узбекистон ва кишварҳои ҳамсоя шабеҳи ҳам аст: ҳаракати "Толибон" бояд уҳдадориҳоро иҷро кунад, ҳукумати ҳамашумуле таъсис диҳад, ки ҳамаи неруҳои сиёсӣ, қавмҳо ва гуруҳҳои мазҳабиро фаро гирад", - гуфт Норов.

Дар конфронси Тошканд рӯзҳои 25-26-уми июл намояндагони беш аз 20 давлат иштирок хоҳанд кард.