Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 11-уми июл фармони додани шаҳрвандии Русияро ба ҳамаи сокинони Украина содир кард. Пеш аз ин, фақат сокинони Луганск ва Донетск, Херсон ва Запорожйе чунин ҳақро доштанд.
Аз соли 2019, ки ин муқаррарот барои сокинони Донетск ва Луганск эълон шуд, то соли ҷорӣ беш аз 720 ҳазор нафар, ки баробар бо 18 дарсади сокинони Донбас мебошад, шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Дар охирҳои моҳи май ва ҳудуди се моҳ пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ин муқаррарот шомили ҳоли сокинони ду вилояти Херсон ва Запорожйе дар ҷануби Украина шуд. Қисматҳои зиёде аз ин ду вилоят ҳоло дар назорати артиши Русия мебошад. Тибқи гузоришҳо, аввалин шиносномаҳои русӣ ба сокинони ин минтақаҳо моҳи гузашта супурда шуд.
Дар фармони нав омадааст, ки шаҳрвандони Украина, ҷумҳуриҳои худхондаи шарқи Украина ва афроди бешаҳрвандие, ки ба таври доимӣ дар Украина истиқомат доранд, метавонанд, барои дарёфти шаҳрвандии Русия, дар асоси тартиби содашуда, муроҷиат кунанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтанд, ки фармони ахири Путин ҳамла ба истиқлоли Украина ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аст.
Пештар аз ин манобеи русиягаро хабар дода буданд, ки дар ҳудуди вилоятҳои Херсон ва Запорожйеи Украина нуқтаҳои нашри шиносномаи Русия таъсис шудааст. Ин ду вилояти Украина қисман таҳти назорати неруҳои Русия қарор доранд.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Дар Русия ин ҳамларо "амалиёти вижаи низомӣ" меноманд. Аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовузи низомӣ хонда, Русияро маҳкум кардаанд.
То кунун бар асари ин ҷанг ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд. Тибқи баровардаҳои СММ, ҳудуди 12 миллион украинӣ овора шудаанд, ки аз ин шумора тақрибан 5 миллион нафар ба хориҷ муҳоҷират кардаанд.
Аксари муҳоҷирони украинӣ ба Лаҳистон, Молдова, Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд. Амрико ҳам қаблан эълон карда буд, ки то 100 ҳазор паноҳандаи украинаро дар хоки худ ҷой медиҳад.