“Интизорӣ ҳам кор аст”
Радиои Озодӣ: Дар таҳқиқе, ки дар бораи зиндагии оилаҳои муҳоҷирон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо номи “Нишастан ва интизор шудан” доштед, мегӯед, ин хонаводаҳо бекор намешинанд ва ба навъе дар буҷаи хонавода ва ҷомеаи худашон саҳм мегузоранд. Ҳамин гуфтаи худро бештар шарҳ медодед.
Ҳолатҳоеро дидам, ки оилаҳо то 10 сол мунтазири азизи худ мемонанд, вале онҳо барнамегарданд ё нопадид мешаванд ва ё дар Русия дигарбора издивоҷ мекунанд.
Ибанез Тирадо: “Ташаккур. Мо муҳоҷиронро чунин тасвир мекунем, ки фақат онҳо мераванду кор мекунанд ва онҳое, ки дар деҳаву шаҳр дар Тоҷикистон мемонанд, мунтазир мешинанд. Мунтазир монданро, умдатан бекор нишастан мешуморанд, вале интизорӣ, ҳеч гоҳ маънии ғайрифаъол буданро надорад. Масалан, мо барои қабули табиб, барои мусоҳиба интизор мешавем, вале ором наменишинем, телефонамонро тафтиш мекунем, иттилоъ мегирем, бо одамон гап мезанем. Ончӣ, ки дар Тоҷикистон дидам, ин аст, ки онҳое, ки дар дохил мемонанд ва мунтазири бозгашти муҳоҷирон мешаванд, бекор наменишинанд. Зиндагиашонро идома медиҳанд, масалан, кӯдакро нигоҳубин мекунанд, хонаро пок мекунанд, мепазанд, об мекашанд. Барои кори хона соатҳои бисёр зиёд зарур аст. Танҳо мо солҳои охир дарк кардем, ки қадри онҳоеро намедонем, ки кори хона мекунанд. Таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки нигоҳубини хона, инсондӯстӣ, ғамхориву эҳсос ва дар Тоҷикистон меҳмоннавозӣ чӣ қадар барои дарки иқтисод ва судманд будани инсон муҳим аст. Аз ин рӯ, вақте мардум мунтазири бозгашти муҳоҷирон ҳастанд, хона покиза мекунанд, мепазанд, меҳмонону ҳамсоягонро пазироӣ мекунанд ва бекор намешинанд, зиндагӣ месозанд ва ҳалқаи иртиботӣ меофаранд, ки барои ёфтани ҷойи кор, издивоҷ ва идомаи зиндагии ҷомеа муҳим аст.”
Радиои Озодӣ: Чаро бо вуҷуди онки баъзе аз онҳо аз субҳ то шом дар хона ва ё дар киштзорҳо кор мекунанд, мегӯянд, ки бекор мешинанду интизор мешаванд?
Ибанез Тирадо: “Ба назари ман, одатан корҳое ба мисли кӯдакдорӣ, парвариши тифлу нигоҳубини онҳо, ёрӣ ба кӯдакон дар иҷрои вазифаи хонагӣ, пухтан, пазироии меҳмон ба маънии том кор ва ё кори судманд ба ҳисоб намеравад. Яъне, ин корҳо фақат дар хона анҷом мешаванд ва пул намеоранд. Одатан дар Тоҷикистон кор дар корхона ва ё ҷое, ки маош дорад, кори бештар судманд ба ҳисоб меравад, вале таҳқиқот дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он нишон додаанд, ки бидуни кори хона, кори иҷтимоӣ, меҳмондорӣ ва ё иртиботи иҷтимоӣ пешбурди зиндагии ҷомеа имконнопазир аст. Дар Тоҷикистон алоқаҳои хешовандӣ, васеъ кардани онҳо ва аз тариқи хешу табор пайдо кардани ҷойи кор муҳим аст. Бидуни кори хона ин ҳама номумкин аст, вале бо вуҷуди ин кори хонаро коре ҳисоб намекунанд, ки пул биёрад ва музд дошта бошад.”
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эҳсос ва ангезаи иқтисодӣ
Радиои Озодӣ: Онҳо бештар мунтазири азизонашон ҳастанд, ки аз муҳоҷират баргардад ва ӯро дигарбора бубинанд ва ё мунтазири онки муҳоҷир бо пул биёяд ва онҳо нақшаҳои зиндагӣ ба мисли тӯйи фарзанд ва таъмири хонаро амалӣ кунанд?
Ибанез Тирадо: “Ба назари ман – ҳарду. Мардум гоҳо мунтазири муҳоҷир мешаванд, ки баргардад, зеро ӯро ҳамчун узви оила дӯст медоранд ва мехоҳанд дар иртибот бошанд. Баъзан мунтазири муҳоҷир мешаванд, ки баргардад, то ҷашни арӯсӣ баргузор кунанд, хонаро таъмир кунанд. Онҳо мунтазири ҳарду мемонанд. Ба назари ман, алоқаи хешовандии онҳо бар асоси ҳарду ташкил ёфтааст, бар асоси эҳсос ва ҳамчунин ангезаҳои иқтисодӣ ва пул. Дар Тоҷикистон бисёре аз таҳқиқот ба ҷинс ва занон тамаркуз кардаанд, ки чӣ гуна занон зиндагии сахт доранд, зӯроварӣ мебинанд. Аммо ба назари ман дар тамоми оилаҳо мисли ҳар ҷойи дигар ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар муҳим аст. Доштани муҳаббат, эҳтиром, самимият ба ҳамдигар. Дар Тоҷикистон ҷуфтҳои зиёд ба ҳам сахт вобастаанд, дӯст медоранд, ғамхорӣ мекунанд, барои ҳамин, албатта, занҳо мунтазири шавҳар, модарону падарон мунтазири фарзанд мешаванд. Барои ҳамин, ҷанбаҳои зиёди самимияте дар муҳоҷират вуҷуд дорад, ки бояд барои сиёсатгузориҳо таҳқиқ шавад. Албатта, робитаҳо гоҳо канда мешаванд. Ман ҳолатҳоеро дидам, ки оилаҳо то 10 сол мунтазири азизи худ мемонанд, вале онҳо барнамегарданд ё нопадид мешаванд ва ё дар Русия дигарбора издивоҷ мекунанд. Андаке душманӣ ва ё мушкилот вуҷуд дорад, вале бояд ба инобат гирифт, ки онҳо мунтазири муҳоҷир ва дидори ӯ мешаванд. Барои онҳо ҷашн баргузор мекунанд ва албатта ин як ҷанбаи иқтисодии пеш бурдани зиндагии хонаводаҳо ва ҷомеа аст.”
“Баъзан мегуфтанд, безор шудаанд”
Радиои Озодӣ: Оё ягон нафаре аз онҳо мегуфт, ки аз интизорӣ хаста шудааст?
Муҳоҷирон Русияро ҷойи хатарноке медонанд, ки мумкин аст, зану фарзандони онҳоро дар баробари шаробхорӣ, ҳамлаҳои бераҳмона, бегонаситезӣ осебпазир гардонад.
Ибанез Тирадо: “Албатта, гоҳо мегӯянд, ки хаставу дилгир шудаанд. Дар он маҳалҳои Хатлон, ки кор мекардам, мегуфтанд, “безор” шудаанд, яъне дар ҳақиқат аз интизорӣ сер шудаанд. Ин бахусус вақте мешавад, ки барномаҳояшон ба таъхир меафтад. Масалан, вақте муҳоҷирон бар асоси қарордод кор мекунанд, ё пулашонро ғорат мекунанд, ё пулашон гум мешавад ва онҳо наметавонанд, бо пуле, ки фикр мекарданд, меоранд, баргарданд. Барои ҳамин, онҳо маҷбур мешаванд, ба ҷойи як сол ду сол биистанд, то пул ҷамъ оранд. Баъзан барномаҳояшонро лағв мекунанд. Масалан, тавре ки дар аҳди СОVID шуд. Он вақт баргаштан ба назди аҳли оила мушкил буд. Бахусус, вақте як модар мегӯяд, ду моҳ баъд писараш меояд ва сипас барномаи онҳо аз баҳор ба зимистон ба таъхир меафтад, дар онҳо эҳсоси хастагӣ, безорӣ аз интизорӣ, дилгиру ғамгин будан, дида мешавад. Дар акси ҳол ба назари ман, мардум дар Тоҷикистон сабур ҳастанд ва ҳангоми интизорӣ бисёр тоқат мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Муҳоҷират ба робитаҳои оилаҳо, чӣ таъсир гузоштааст, дурӣ сабаби кам шудани муҳаббат байни якдигар намешавад?
Ибанез Тирадо: “Албатта, муҳоҷират ба пайвандҳои хонаводагӣ асар мегузорад. Дар он ҷойҳои Тоҷикистон, ки ман кор кардаам, мехоҳанд, писарон қабл аз оғози муҳоҷират издивоҷ кунанд, то замонати онро дошта бошанд, ки фарзандашон бармегардад ва дар Русия зан намегираду намемонад. Аксар ҷавонон дар Русия ва ё хориҷ падар мешаванд ва кӯдаконашонро ҳангоми таваллуд намебинанд. Онҳо ҳар сол ё ҳар ду-се сол бармегарданд, то фарзандонашонро бубинанд. Албатта ин таъсир мегузорад. Ман ҳамчун пажуҳишгар бар ин андешаам, ки мо бояд аз ҷанбаҳои дигаре ин хонаводаҳоро таҳқиқ кунем, ки аз кадом роҳ, чӣ мусбат ва ё манфӣ ташаккул меёбанд.”
“Ҷойи кор ҳаст, музди хуб нест”
Радиои Озодӣ: Оё оилаҳои муҳоҷирон дар дохил ягон кор мекунанд, ки муҳоҷир баргардаду дар дохил ягон кор ёбад?
Ибанез Тирадо: “Гоҳо баъзе аз онҳо дар Тоҷикистон кор меёбанд, вобаста ба он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд. Пайдо кардани кор дар шаҳрҳо, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, умуман шаҳрҳои калон осон аст. Аммо дар умум музди кор дар Тоҷикистон хуб нест, бисёре аз одамон мутобиқ ба таҳсилоташон кор намеёбанд. Аз ин рӯ, бисёриҳо ба ҷойи кор бо музди кор ба мондан дар хона ва ё муҳоҷират бартарӣ медиҳанд. Ман ҳамчунин бо бисёре аз мардоне мулоқот кардам, ки дар муҳоҷират ноком шудаанд. Бисёриҳо ба Русия ва ё Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мераванд. Бисёре аз одамон як даъфа мераванд, бемор, ё маҷруҳ мешаванд, метарсанд ва бармегарданду дигар ба муҳоҷират намераванд. Баъзе аз онҳо дар Тоҷикистон ҷойи кор меёбанд, вале музди хуб намегиранд. Ё гоҳо корҳои мавсимӣ меёбанд, ки чандон даромади зиёд надоранд.”
Чаро зану фарзандашонро намебаранд?
Радиои Озодӣ: Чаро намехоҳанд, ҳамроҳи тамоми оила ба Русия муҳоҷират кунанд?
Ончӣ маро дар Тоҷикистон нороҳат кард, гоҳо набудани дастрасӣ ба хадамоти муносиби тандурустӣ аст. Шифохонаҳо асосан дар пойтахт ҳастанд ва онҳое, ки дар берун аз пойтахт ҳастанд, бояд ба марказ биёянд ва пули бисёре ба табибон бидиҳанд.
Ибанез Тирадо: “Зиндагӣ дар Русия мушкил аст. Ман ба дидани баъзе аз бачаҳое аз вилояти Хатлон ба сохтмонҳои Маскав рафтам. Баъзан онҳо дар барои худ ҳуҷрае иҷора намегиранд, дар маҳалли корашон дар сохтмон зиндагӣ мекунанд. Бахусус дар зимистон, вақте ҳаво бисёр сард нест. Онҳо се-чаҳор моҳро дар маҳалли корашон сипарӣ мекунанд ва ё дар сипанҷ ё дача, ки ба онҷо оилаҳояшонро оварда наметавонанд. Санадҳо гарон аст ва ё муҳоҷирон Русияро ҷойи хатарноке медонанд, ки мумкин аст, зану фарзандони онҳоро дар баробари шаробхорӣ, ҳамлаҳои бераҳмона, бегонаситезӣ осебпазир гардонад. Ҳамчунин ба мактаб додани бачаҳо мушкил аст. Осон ва арзон нест. Ман дидам, ки баъзе оилаҳо мераванд, бахусус помириҳо, ки оилаҳояшонро ба Русия мебаранд. Аммо дар ҷойҳое, ки ман кор кардам, бахусус Хатлон, мардон ба муҳоҷират мераванд ва занон дар хона дар Тоҷикистон мемонанд.”
Радиои Озодӣ: Таҳқиқот нишон додааст, ки муҳоҷират ва пули муҳоҷирон, ки ба хона мефиристанд, аъзои оилаи онҳоро дар ватан танбал ва дастнигар мекунад. Мо ингуна шикоятҳоро аз муҳоҷирони тоҷик мешунавем. Шумо дар воқеъ ҳамин чизро дар Тоҷикистон дидед?
Ибанез Тирадо: “Ин ба хонаводаҳо бастагӣ дорад. Ман фикр мекунам, ки мо бояд инро ба инобат бигирем, одамон танҳо ба муҳоҷират намераванд, баъзан бо бародарашон мераванд, бо ҷияну амаку падарашон мераванд. Баъзе ба Русия мераванд, робита барқарор мекунанд ва сипас писаронашонро ба наздашон мехонанд. Ин бештар ба алоқаҳои хешовандӣ робита дорад. Шикоят дар бораи онки аъзои оила дар хона танбал ҳастанд, баъди он сар мезанад, ки муҳоҷир эҳсос мекунад, нисбат ба ӯ беадолатӣ мешавад. Масалан, ман аз бародарони калонӣ шунидам, ки барои таҳсили бародари хурдӣ пул мепардозанд. Ва агар онҳо фаҳманд, ки бародарашон дуруст намехонад ё ба волидон кумак намерасонанд, баъд шикоятро сар мекунанд, ки ман барои дарси ту пул медиҳам, ту танбалӣ, ҳеч кор намекунӣ. Ин ба хонаводаҳо вобаста аст. Оилаҳое ҳастанд, ки баробарӣ риоят мешавад, шикоят дар онҷо кам аст.”
Радиои Озодӣ: Ва як суол берун аз муҳоҷират. Вақте дар Тоҷикистон будед, аз ҳама бештар аз чӣ хушатон омад ва ё чӣ Шуморо бештар нороҳат мекард?
Ибанез Тирадо: “Ман дар воқеъ Тоҷикистонро дӯст доштам. Манзараҳо, кӯҳ, кӯлҳо. Табиаташ ҳайратангез аст. Сабз ва дар воқеъ зебост. Меҳмоннавозии мардум ҳам. Ман ҳар ҷое мерафтам, мардум хуб самимона пазироӣ мекарданд, ба меҳмон ғизо ва қалбу муҳаббати худро медоданд. Барои ман таҷрибаи шигифтангезе буд. Ончӣ маро дар Тоҷикистон нороҳат кард, гоҳо набуди дастрасӣ ба хадамоти муносиби тандурустӣ аст. Имкони муносиб барои табобат нест. Шифохонаҳо асосан дар пойтахт ҳастанд ва онҳое, ки дар берун аз пойтахт ҳастанд, бояд ба марказ биёянд ва пули бисёре ба табибон бидиҳанд. Ва ин бисёр ғамангез аст, чун мумкин аст, хадамоти тандурустиро дар онҷо беҳтар кунанд.”