"Дилам аз дунё сард шудааст, вале бояд зиндагӣ кунам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар остонаи Иди Қурбон бисёриҳо дар Тоҷикистон серкоранд. Яке аз бозор маҳсулот мехарад ва дигаре дасторхон меорояд. Чанде ҳам дар фикри бузу гӯсфанди қурбонӣ ҳастанд. Дар ин миён оилаҳое ҳастанд, ки натанҳо дар айёми ид, балки рӯзу моҳҳои дигар низ хӯроки кофӣ надоранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили яке аз онҳо рафтанд ва чанд лаҳза зиндагияшонро аз наздик диданд.