Мақомот Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ кардаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Ваҳдат рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ, хонаашро кофтукоб ва телефонашро мусодира кардаанд. Мақомот сабаби чунин тасмимро намегӯянд. Камаш се манбаъ тасдиқ карданд, ки Пирмуҳаммадзода рӯзи 7 июл “чанд соат” бозпурсӣ шуд.