Маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ, хонаашро кофтукоб ва телефонашро мусодира кардаанд. Мақомот сабаби чунин тасмимро намегӯянд. Камаш се манбаъ тасдиқ карданд, ки Пирмуҳаммадзода рӯзи 7-уми июл "чанд соат" бозпурсӣ шуд.
Забонхат додааст, ки...
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар хонааш дар шаҳри Ваҳдат ёфт. Ӯ бозпурсиро тасдиқ кард, вале гуфт, забонхат додаасту бо расонаҳо суҳбат намекунад. Пайвандонаш низ нахостанд, дар мавриди даъвату бозпурсии вай суҳбат кунанд.
Яке аз шахсони наздик ба хонаводаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, “ӯро нисфирӯзии 7-уми июл даъват карда, тақрибан соати 11-и шаб ҷавоб доданд.”
“То ҷое хабар дорам, аз ӯ хостаанд, дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нанависад. Ё танҳо дар мавзуъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ нависад. Гуфтаанд, огоҳии охирин аст. Телефонашро гирифта, дар ҳузури чанд “шоҳид” дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк”-у “коммент”-ҳоеро аз номи ӯ нишон додаанд, ки гуё зери навори гурӯҳҳои ифротгаро гузошта шудааст. Вай ин корро накардааст. Телефон дар дасти намояндагони мақомот буд, зоҳиран аз номи ӯ гузоштаанд,” – афзуд мусоҳиби мо.
Назари мақомот дар ин маврид дастрас нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Шиносномаи хориҷияшро пурсиданд"
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки маъмурони интизомӣ хонаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва манзили падарашро кофтукоб кардаанд. “Чизи шубҳаоваре наёфтанд. Як микрофони бозмонда аз даврони кораш дар радиоро бо худ бурданд. Шиносномаи хориҷияшро пурсиданд. Дар куҷое мондааст, наёфтем. Гуфтанд, телефонашро барои ташхис фиристоданд,” – илова кард ӯ.
Ба иттилои шахсони наздик ба хонаводаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, фишор ба ӯ дар се ҳафтаи охир ва баъди наворҳояш дар бораи хабарнигорон – Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ – афзудааст. Мақомот онҳоро рӯзи 15-уми июни имсол дастгир карданд. Аз ин пеш, 24-уми июн, муфаттишони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур Эмомалӣ Сайидзод, корманди хабаргузории "Азия-Плюс" ва дӯсти наздики Абдуллоҳ Ғурбатиро чанд соат бозпурсӣ карда буданд.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори пешини Радиои “Садои Душанбе”, моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президент маъруф шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, вале аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст.
"Баъзеҳо "хоин" мегӯянд, баъзеҳо "одами амният"
Пирмуҳаммадзода баъди он дар Ютуб ҳаводорони зиёде ёфт, вале ду моҳ пештар гуфт, блогериро бас мекунад. Далелаш ҳам ин буд, ки ҷонибдорони ҳукумат ӯро “хоин” мегӯянд, вале мухолифин “одами амният” мешиносанд. Баъди боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар саҳифааш дар Ютбю чанд навори дигар гузошт ва амалкарди мақомотро нодуруст шумурд.
Дар тақрибан ду моҳи охир дар Тоҷикистон камаш панҷ рӯзноманигору блогер дастгир шудаанд. “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст. Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.
Дар ин муддат ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.
Созмонҳои байнулмилалӣ фишор ба хабарнигорону фаъолони иҷтимоиро дар Тоҷикистон сахт танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора боздошту бозпурсии ҳадафмандонаи хабарнигоронро рад карда, онҳоро ба ҷиноятҳои гуногун гумонбар донистаанд.