Толибон дар рӯ ба рӯи Тоҷикистон дидбонгоҳ месозанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Толибон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба сохтмони як дидбонгоҳи нав оғоз кардаанд. Ончӣ мақомоти Тоҷикистонро ба гуфтаи худашон “асабонӣ” кардааст, навиштаи “M.Arsalon” бар пояи кӯҳе дар канори дидбонгоҳ аст. “М.Арсалон” ҳамон Маҳдӣ Арсалон, лақаби Муҳаммад Шарипови 27-сола аз ноҳияи Нуробод аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳашт сол боз ба иттиҳоми терроризм меҷӯянд.