Пас аз як моҳи афзоиши қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ, арзиши он дар бонкҳои Тоҷикистон дигарбора поин рафт. Баръакс, арзиши доллари амрикоӣ тайи ду рӯзи охир тақрибан ҷойгоҳи пешинаашро гирифтааст.
Рӯзи 7-уми июл дар бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русиро ба 150-167 сомонӣ иваз мекарданд. Сад доллар ба 1045-1050 сомонӣ баробар буд. Ду рӯз пеш 1000 рубли русӣ 177 ва 100 доллари амрикоӣ 985 сомониро ташкил медод.
Ин дигаргуниро пеш аз ҳама сокиноне, ки наздиконашон дар муҳоҷиратанд, эҳсос кардаанд. Муҳаммадюсуф Қаландаров, сокини Душанбе, мегӯяд, "рубл дар баробари сомонӣ аввал панҷ сомонӣ ва ҳоло даҳ сомонӣ поин шуд. Чӣ мешуд дигар? Зарар!"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бонкҳои Тоҷикистон тибқи муқаррарот рубли фиристодаи муҳоҷирони кориро новобаста аз хоҳиши наздикон ба сомонӣ иваз намуда, ба хонаводаҳояшон медиҳанд. Зиндагии оилаҳо дар Тоҷикистон ба пули фиристодаи муҳоҷирон пойбандии зиёд дорад.
"Аз ҳар оила 2-3 муҳоҷир аст. Зиндагиро аз ҳисоби онҳо пеш мебаранд. Вақте қурби рубл дар бонк поин асту нархи маҳсулот гарон аст, албатта, ба манфиат нест," – гуфт Эмомалӣ Табаров, сокини ноҳияи Файзобод.
Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, дар бозори асъор пайваста тағйирот ба миён меояд. Чунин дигаргунӣ на танҳо дар бозори асъори Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи он низ сурат мегирад.
Баъзе аз коршиносон чунин тағйиротро бештар ба омилҳои берунӣ рабт медиҳанд. Бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода рӯзи 7-уми июл гуфт, "вазъи сиёсӣ дар кишварҳои дигар ба бозори асъори дохилӣ ва биржаи ҷаҳонӣ таъсири худро гузоштааст. Имрӯз аксар кишварҳои аврупоӣ ҷонибдори Украина ҳастанд ва таҳримҳоро нисбати Русия эълон намудаанд. Ҳукумати Русия кӯшиш дорад, ба таҳримҳо тоб биёрад. Дар оянда низ таъсири манфии таъримҳо ба Русия ва пайомади он ба Тоҷикистон мерасад."
Тақрибан як моҳ пеш, вақте қурби рубли русӣ якбора боло ва доллар поин рафт, баъзе таҳлилгарон пешбинӣ мекарданд, ки чунин вазъ муваққатист ва арзиши рубл дигарбора поин ва доллар боло хоҳад рафт.
Бо вуҷуди коҳиши қурби рублу афзоиши доллар дар чанд рӯзи охир, агар ба нишондодҳои чаҳор моҳ пеш, яъне қабл аз ҷанги Русия дар Украина нигарем, ҳамоно арзиши рубл дар баробарои сомонӣ боло ва доллар поин аст. Ба назари баъзе иқтисоддонҳо, болоравии қурби рубл бештар ҷанбаи сиёсӣ дошта, ба таври сунъӣ нигоҳ доштани афзоиши арзиши он дер давом нахоҳад кард.
Рӯзи 7-уми июл намояндагони бонкҳо нахостанд, ин мавзуъро расман шарҳ диҳанд, вале дар суҳбатҳои бидуни сабт онҳо низ тағйиротро дар бозори асъор ба ҷанги Русия дар Украина рабт доданд.