Дар шаҳри Хоруғ як шоиру наворбардори мустақилро барои ҳамкорӣ бо "Комиссияи 44", созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ба 11 сол зиндон маҳкум кардаанд.
Пайвандони Муяссар Саъдоншоев, машҳур ба Муяссари Кӯҳистонӣ, рӯзи 5-уми июл гуфтанд, "Додгоҳ ӯро ба хиёнат ба давлат гунаҳкор донист", вале шикоят намекунанд, чун тавони муборизаро надоранд.
Муяссар Саъдоншоев 28-сола аст ва ҳукмашро рӯзи 24-уми июн дар Хоруғ эълон карда, сипас ба Душанбе фиристодаанд. Мақомот ҷузъиёти парванда ва ҳукми ӯро шарҳ надоданд.
"Дар мурофиа гуфтанд, ӯ гуё ҷаласаҳои "Комиссияи 44"-ро ба навор гирифта, дар Интернет паҳн кардааст. Гуфтанд, бо назардошти чанд масъала муҳлати ҳабсашро камтар карданд. Рӯзи 25-уми июн ба Душанбе бурданд," – гуфт яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ.
Ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе ду узви "Комиссияи 44" Хуҷамрӣ Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатовро ба 18-солии зиндон маҳкум кард. Як узви ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ рӯзи 30-юми июн аз Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо ба ташкили гирдиҳамоии беиҷоза гунаҳкор шуданд". Маълум нест, дар парвандаашон танҳо ин нукта зикр шудааст ё иттиҳомҳои дигар будааст.
"Комиссияи 44"-ро дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон ташкил карданд. Шаш узви он шомили гуруҳе буданд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбии Тоҷикистон таркиб ёфта, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ мекард.
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Аъзои "Комиссияи 44" дар ин ҳодиса музокиракунандаи асосӣ бо мақомот буданд. Бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуд, аммо баъдан аз тарзи кори муфаттишон ва шеваи таҳқиқи ҳодисаҳо ибрози норозигӣ карданд.
Тақрибан даҳ узви созмонро охири моҳи майи имсол, дар пайи амалиёти мақомот, дар Хоруғ дастгир кардаву барои муҳокима ба Душанбе оварданд. Он замон манобеъ гуфта буданд, онҳо ба гирифтани пул аз хориҷа ва бахусус аз намояндагони мухолифони ҳукумат дар Аврупо гумонбаранд.
Ба сабаби онки мақомот ба мурофиаҳо пайвандони гумонбарон ва хабарнигорони мустақилро роҳ намедиҳанд, гирифтани тафсилот мушкил аст.
Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки моҳи майи имсол баргузор шуд, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва 220 нафар дастгир шудаанд. Манобеи ғайрирасмӣ шумораи қурбониёнро тақрибан чиҳил нафар мегӯянд.