Аз арш ба фарш. Бахши ҳавонавардии Русияро чӣ интизор аст?

Акс аз бойгонӣ

Мусоҳиба бо таҳлилгари амрикоӣ Ричард Абулафиа

Дар оғози имсол дар Русия беш аз ҳазор ҳавопаймои сохти хориҷии "Airbus" ва "Boeing" ва сохти русии "Superjet" дар хатсайрҳои маҳалливу минтақаӣ парвоз мекарданд. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, кишварҳои ғарбӣ нисбати Маскав таҳримҳоеро ҷорӣ карданд, ки фурӯши ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётиро барои онҳо манъ мекунад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз бозпас додани ҳавопаймоҳои сохти хориҷӣ ба соҳибонашон, ки тибқи лизинг ё иҷораи молӣ дар ихтиёр доштанд, худдорӣ карданд. Дар натиҷа, садҳо ҳавопаймое, ки дар ихтиёри ин ширкатҳо ҳастанд, аз имкони тармими қонунӣ маҳрум шуданд.

Вазорати нақлиёти Русия барномаи рушдеро таҳия кардааст, ки тибқи он соҳаи ҳавопаймосозии ин кишвар то соли 2030 бар ивази ҳавопаймоҳои сохти хориҷӣ бояд ҳазор ҳавопаймои мусофирбар тавлид кунад. Ба ҷуз аз ҳавопаймоҳои "Superjet", инчунин, бояд тавлиди ҳавопаймоҳои "MC-21", "Ил-114" ва намудҳои дигари ҳавопаймо роҳандозӣ шаванд.

Ширкати "Ростех" эълон кард, ки дар пасманзари таҳримҳо эҳтимоли азсаргирии тавлиди ҳавопаймоҳои "Ту-214" ва "Ил-96"-ро баррасӣ мекунад. Рӯшан нест, ки ин нақшаҳо то куҷо иҷрошаванда ҳастанд ва муҳимтараш, дар ояндаи наздик русиягиҳо чӣ тавр парвоз карда метавонанд. Ҳанӯз дар моҳи март коршиноси арсаи ҳавонавардӣ, мудири иҷроияи ширкати консалтингӣ "AeroDynamic Advisory" Ричард Абулафиа навишта буд, ки: "Русия ба зудӣ ба ҳолати таърихии бесобиқа мубаддал мешавад. Зеро кишвари пешрафтаи бузург аз лиҳози ҷуғрофӣ ба кишвари тақрибан бидуни соҳаи мусофиркашонии ҳавоӣ табдил меёбад ва Русия имкони парвозҳоро нахоҳад дошт."

Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Абулафиа ҳангоми тасвири ояндаи мусофиркашонии мулкии Русия онро бо вазъи Эрон муқоиса кард, ки тӯли солҳои зиёди таҳти таҳримҳо қарор дорад.

"Агар тағйироте сурат нагирад..."

– Агар чизе тағйир наёбад, шоҳиди он мешавед, ки Русия дар охири сол бе арсаи мусофиркашонии ҳавоии арзанда мемонад ва ин шабеҳи сояи он шаҳомате хоҳад буд, ки дар гузашта дошта буд. Русия имкон дорад, бо ҳудуди дусад ҳавопаймое бимонад, ки қобили истифода бошанд. Аммо вазъият метавонад тағйир ёбад, зеро ҳоло мо дар бораи музокироти аврупоиҳо дар бораи дастрасии қисмҳои эҳтиётӣ ҳастем. Ҳанӯз дар ин замина тасмиме гирифта нашудааст, вале бояд ин мавзуъро зери назар дошт. Агар арсаи мусофиркашонии ҳавоии Русия қисмҳои эҳтиётии “ба далели амнияти парвозҳоро” дарёфт кунад, муддате парвозҳоро анҷом хоҳад дод. Чунин ҳолат бо Эрон рух дода буд ва ҳоло мардум мепурсанд, чӣ тавр ҳавопаймоҳои чилсола ҳанӯз парвоз мекунанд? Намедонем, ки оё чунин ҳолат рух медиҳад ё не ва дар ин бора дар Амрико чизе гуфта намешавад. Аммо чунин ҳолат метавонад вазъиятро тағйир диҳад. Чунин гузашт аз таҳрим имконпазир аст, дар акси ҳол дар охири сол Русия метавонад ба минтақаи озмоишии бидуни парвозҳои тиҷоратӣ табдил ёбад. Фарқияти муҳим аз вазъи Эрон дар он аст, ки аврупоиҳо бештари вақт таҳримҳои ҷоришударо дар арсаи ҳавонавардӣ риоя намекарданд. Дар умум, он замон таҳримҳо дар сатҳе набуданд, ки ҳоло бар зидди Русия роҳандозӣ шудаанд.

– Яъне, агар "Airbus" дастраскунии «башардӯстонаи» қисмҳои эҳтиётиро оғоз кунад, аммо "Boeing"не, пас, тақрибан ними ҳавопаймоҳои Русия имкони парвозкуниро нахоҳанд дошт?

– Эҳтимол дорад. Мушкили иловагӣ он аст, ки дар «Airbus» қисмҳои амрикоӣ ва дар "Boeing” қисмҳои аврупоӣ истифода мешаванд. Яъне, ин раванди хеле омехта аст. Ин амр то андозае имкони парвози ҳавопаймоҳои Русияро таъмин мекунанд, аммо ба шарте ки чунин гузаштҳо аз таҳримҳо сурат бигиранд. Алъон, мо инро намедонем. Агар гузаштҳое сурат нагиранд, то охири соли ҷорӣ ҳавопаймоҳо аз парвоз бозмемонанд. Русия барои парвозҳои тиҷоратӣ ҳавопаймоҳоеро, ки қисмҳои эҳтиётияш комилан дар дохили кишвар тавлид шуда бошанд, надорад.

Ҳавопаймои Superjet 100

“Ин мошини Лада нест, ки...”

– Имкон дорад, ки дар бахши ҳавонавардии мулкӣ қисмҳои эҳтиётии “сохташуда” пайдо шавад? Вақте касе ба мисли қисмҳои эҳтиётии аслӣ маҳсулот истеҳсол мекунад?

– Ҳолатҳои ба ин монандро ҳатман, ки мушоҳида хоҳед кард. Аммо вақте сухан дар бораи қисмҳои эҳтиётии ҷиддӣ ба мисли ҷузъҳои муҳаррик ва низоми амниятии ҳавопаймо меравад, онҳоро наметавонед рӯйи ҳавлии худ тавлид бикунед. Ҳамчунин, дар рӯйи ҳавлии худ наметавонед, барномаҳои компютерии идораи ҳавопайморо бисозед. Ҳавопаймо аз низомҳои зиёди мураккаб иборат аст ва он ба мисли қисмҳои эҳтиётии мошини “Лада” нест, ки тавонанд онҳоро ба сурати “қалбакӣ” омода кунанд.

– Агар қисмҳои эҳтиётӣ дастрас нашаванд, бахши ҳавонавардии мусофирбарии Русия танҳо то охири соли ҷорӣ имкони парвозҳоро хоҳад дошт?

– Оре. Аллакай мушоҳида мекунем, ки миқдоре аз ҳавопаймоҳо аз парвозҳо боздошта шуда, онҳоро ба қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо мекунанд. Тахмин мезанам, ки то охири тобистони имсол беш аз ними ҳавопаймоҳои мусофирбари Русия парвозҳоро бас мекунанд ва то охири соли ҷорӣ миқдори рамзии ҳавопаймоҳо имкони парвозро хоҳанд дошт. Бояд тазаккур дод, ки Русия ҳавопаймоҳои пурра аз қисмҳои эҳтиётии худӣ сохташударо дар ихтиёр надорад. “Худитарин” ҳавопаймои русӣ “Superjet” аст, аммо дар ин ҳавопаймо низ муҳаррик ва қисмҳои дигари зарурӣ барои парвоз сохти ғарбӣ мебошанд. Яъне, онҳо низ ба мисли ҳавопаймоҳои “Boeing” ва “Airbus” агар дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ бурида шавад, осебпазиранд.

– Ҳар сари чанд вақт ҳавопайморо бояд ташхис ва қисмҳои эҳтиётиашро иваз кард?

– Ҳангоми ташхис низомҳои фаъолияти ҳавопаймо худ дар бораи зарурати ивази қисмҳо хабар медиҳанд. Ин хеле хуб аст, зеро амнияти парвозҳоро таъмин мекунанд. Аммо, бештаре аз ҳавопаймоҳо ба ташхису бозрасии куллии бештар ниёз доранд.

– Яъне, агар ҳоло ҳавопаймо аз лиҳози фаннӣ хуб аст ва то ҷое нав дониста мешавад, ба муддати як ё ду сол ташхису бозрасиро талаб намекунад?

– Ҳастанд қисмҳое, ки ба мисли ҷузъҳои ист ё тормоз, софкунии равғану ҳаво ва ғайра, ки бояд зуд-зуд иваз карда шаванд. Ба ҳисоби миёна, миқдори ҳавопаймоҳои нав дар ҳар кишвар чандон зиёд нест ва маъмулан синни миёнаи ҳавопаймоҳо тақрибан ҳашт сол аст. Ба ин хотир, бештаре аз ҳавопаймоҳо ба таъмиру ташхиси фаннии мунтазам ниёз доранд.

MC-21-310

Истифода аз ҳавопаймоҳои СССР имконпазир аст?

– Агар дар атрофи таваққуфгоҳҳо ҳавопаймоҳои қадимии Шӯравӣ ё русии даҳаи 90-ум ба мисли “Ту” ё “Ил” истода бошанд, қобили истифода буда метавонанд? То ҳол бахши ҳавонавардии Кореяи Шимолӣ аз ҳавопаймоҳои қадимии русӣ истифода мекунанд.

– Бештаре аз ҳавопаймоҳои навъи «Ту» ва «Ил» дар даҳаи 1960-1980 сохта шудаанд. Дар солҳои 1990 миқдори андаки чунин ҳавопаймоҳо тавлид шуда буданд. Баъзе аз онҳо ҳанӯз мавриди истифода қарор доранд, вале на дар мусофиркашонии тиҷоратӣ. Аз чунин ҳавопаймоҳо ба ягон ҳадафҳои давлатӣ ё кори дигаре истифода мешавад. Ҳавопаймоҳои пасошӯравӣ ба миқдори андак мондаанд ва бозсозии онҳо хеле душвор аст. Дар бахши ҳавопаймосозӣ фасоди густурда вуҷуд дошт ва бештаре аз ширкатҳо ба тадриҷ зарфияти худро ба фурӯш гузошта, ин бозорро тарк мекарданд. Баъзеро мешавад бозсозӣ кард, аммо ин рақами хеле хурд аст. Мешавад дар бораи даҳҳо ҳавопаймо сухан кард, на дар бораи садҳо. Ҳавопаймоҳое, ки то даҳаи 1990 сохта шудаанд, ба оҳанпора табдил шуда, имкони истифодаи онҳо вуҷуд надорад. Зеро, онҳо беш аз сисола мебошанд. Истифодаи чунин ҳавопаймо дар Кореяи Шимолӣ имконпазир аст, зеро ин кишвар ба миқдори андаки ҳавопаймоҳо ниёз дошта, талаботи мусофирон барои парвози бароҳату бехатар комилан сарфи назар мешаванд. Аммо Русия дар шароити дигар қарор дошта, кишвари дорои қишри миёнаҳол ва дорои ниёзи парвозҳо мебошад. Минбаъд чунин шароит дар ихтиёрашон нахоҳад буд.

– Дар Русия баҳсҳо дар мавзӯи тавлиди ҳавопаймоҳои «Ту» бидуни истифодаи қисмҳои хориҷӣ ба мисли ҳавопаймоҳо барои ниёзҳои давлатӣ ё низомӣ идома доранд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои «MS-21» ва “Superjet”-ро имкон дорад бидуни истифодаи қисмҳои эҳтиётии хориҷӣ истеҳсол кард. Саноати ҳавопаймосозии Русия ба мисли чунин бахши Шӯравӣ чунин имкониятро дорад ва агар ҳа, пас барои иваз кардани садҳо ҳавопаймоҳои сохти ғарбӣ чӣ муҳлате даркор аст?

– Инро бояд интизор шуд ва дид. Бояд раванди ҷолибе шавад. Аз рӯи мантиқ Русия ҳанӯз аз зарфияти қобили таваҷҷуҳи муҳандисӣ дар ҳавопаймосозӣ бархурдор аст. Аммо мушкил дар он аст, ки бештаре аз сохторҳо дар ин соҳа таҳти назорати “Ростех” қарор доранд, ки онро Чемезов роҳбарӣ мекунад. Ин шахс ба мисли ҳамаи олигархҳо ё сарватмандони пулмаст олудаи фасод шудааст. Мо дар бораи вазъи воқеии арсаи ҳавопаймосозии Русия иттилои комил надорем. Тибқи мантиқ, ин кор имконпазир аст. Мушкили дигар дар он аст, ки ҳавопаймоҳо ба мисли ҳама гуна низомҳои муосири фанновариҳо ба ниманоқилҳо ниёз доранд. Оё онҳо имкони пайдо кардани чунин ниманоқилҳоро дар ихтиёр доранд? Чин метавонад, манбаи дастрас кардани чунин ниманоқилҳо бошад, аммо худаш бо ин мушкил рӯ ба рӯ аст. Маҳдудиятҳое барои содироти ниманоқилҳо ба Русия вуҷуд дорад ва Чин ин муқарраротро риоя мекунад. Ба ин далел, ниманоқилҳо ва сатҳи фасодкорӣ монеа эҷод мекунанд, вале то чӣ ҳад, рӯшан нест.

Чин ёрӣ карда метавонад?

– Чин бо Русия дӯстии безаволро эълон кардаанд. Чин худ ҳавопаймоҳо тавлид мекунад ва оё Русия метавонад онҳоро бихарад? Ё аз ягон кишвари дӯсти Русия?

– Не. Танҳо кишваре, ки миқдори андаки ҳавопаймоҳои мусофирбар тавлид мекунад воқеан Чин аст. Чин низ дар тавлиди ҳавопаймоҳо муҳаррикҳо ва низомҳои дигари ғарбиро истифода мекунад. Вақти зиёде бояд гузарад, ки Чин ба тавлиди ҳавопаймоҳои комилан сохти худӣ бигзарад. Русия метавонад ба Чин дар ин замина мадад кунад, зеро ҳам фанновариҳои нав дорад ва ҳам саноати муосир. Чин чунин имкониятҳоро надорад. Аз ин рӯ, ҳавопаймоҳои чинӣ бо муҳаррику қисмҳои дигари худӣ танҳо дар солҳои 2030 метавонанд, пайдо шаванд. То он вақт онҳо аз ҳаққи содироти ҳавопаймоҳои чинӣ ба Русия маҳрум мемонанд.

– Тарҳи ҳавопаймои муштараки русӣ-чинӣ низ вуҷуд дошт...

– Чунин тарҳ воқеан вуҷуд дошт ва тӯли ин солҳо гоҳе пайдо мешуд ва гоҳе нопадид. Ҳоло он ба шакли тарҳи CR929 вуҷуд дорад, аммо дар ин тарҳ низ истифода аз муҳаррикҳо ва қисмҳои эҳтиётии ғарбӣ пешбинӣ мешавад. Фикр мекунам, ин тарҳ ҳанӯз дар сатҳи илҳом аст ва танҳо баъд аз соли 2030 рӯшан мешавад.

CR929

– Мо ҳоло дар бораи иваз кардани садҳо ҳавопаймои ғарбӣ, ки дар Русия ҳастанд, ҳарф мезанем. Ин ҳавопаймоҳо бояд дар муддати начандон калон иваз карда шаванд. Дар умум, ҳамасола чӣ миқдор ҳавопаймоҳои мусофирбар тавлид мешаванд?

– Тибқи маъмул, ҳамасола аз як то ду ҳазор ҳавопаймо, асосан, “Airbus” ва “Boeing” ва боз каме “Bombardier” ва “Embraer”-и Бразилия ҳавопаймо тавлид мекунанд. Дигар ҳеч кишваре ин миқдор ҳавопаймо намесозад. Чин талоши оғози тавлиди ҳавопайморо дорад ва Русия қасд дорад ба ин арса баргардад. Аммо барои “MC-21” муҳаррику таҷҳизоти ғарбӣ ва барои “Superjet” ҳам муҳаррику ҳам василаҳои дигари ғарбӣ зарур аст. Онҳо мегӯянд, ки мехоҳанд, ин қисмҳои эҳтиётиро ба сохти русӣ иваз мекунанд, аммо боз ҳам ду мушкили бузург пайдо мешаванд: сатҳи таъсири фасодкорӣ ба зербино ва ниманоқилҳо.

Ҳинд ё кишварҳои Осиёи Марказӣ?

– Шоҳиди суҳбатҳое шудем, ки эҳтимоли роҳ додани ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои дигар ба бозори Русияро баррасӣ мекарданд. Гуфта мешуд, ин амр муваққатӣ ва то замони эҳёи дубораи соҳаи ҳавопаймосозии Русия бояд сурат гирад. Оё ин кор имкон дорад аз сӯи ширкатҳои масалан чинӣ ё ҳиндӣ ё кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирад?

– Ин кор то ҷое хандаовар ва ғайриоддӣ аст ва ман то ҳол дар ҳеч ҷое нашунидаам, ки ба бозори бузурги интиқоли мусофирон дар хатсайрҳои дохилӣ, дар ҳар миқдоре ки набошад, ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ роҳ дода шаванд. Оё ин кор имкон дорад? Шояд, вале дар ин маврид низ таҳримҳо таҳдид мекунанд. Мисол, ҳарчӣ дар бораи дӯстиву рафоқати Чин нагӯянд, ин кишвар пойбанди таҳримҳо аст. Миқдоре аз ҳавопаймоҳои ғарбии ширкатҳои Русия моли ширкатҳои иҷоравии чинӣ мебошанд. Зеро Чин бозигари бузург дар бозори молии ҳавоӣ аст ва онҳо аллакай ҳушдор додаанд, ки ҳавопаймоҳоро бояд ба соҳибонаш баргардонанд. Фикр накунам, ки алоқамандони зиёде барои сармоягузори харидории ҳавопаймоҳо барои Русия пайдо шаванд.

– Мо ҳоло дар бораи мусофиркашонии ҳавоӣ суҳбат мекунем. Вазъият дар боркашонии ҳавоӣ чӣ тавр аст? Барои ин кор Русия ҳавопаймоҳои зарурӣ дар ихтиёр дорад ё метавонад дар ин амр аз ҳавопаймоҳои низомӣ истифода кунад?

– Дар ин маврид низ рӯшание нест ва маълум нест, ки оё Русия чунин имкониятро дорад ё не. Оё метавонад дубора ба миқдори зиёд ҳавопаймоҳои борбари “Ил-76” тавлид кунад. Сохторҳои тавлидкунандаи ин ҳавопаймо зери итоати “Ростех” аст ва рӯшан нест, ки дар пайи фасодкорӣ ин соҳа дар чӣ вазъ қарор дорад.

– Агар дар бораи ҳавопаймосозии низомӣ суҳбат кунем, Шумо аз ҷумла гуфта будед, ки ҳамакнун фурӯши ҳавопаймоҳои низомии Русия ба Ҳиндустон душвортар мешавад. Якум, дар пайи таҳримҳо ва мушкили интиқоли маблағ ва дувум, барои онки дар ҷанги Русия ба зидди Украина ҳавопаймоҳои русӣ чандон қобилияти фавқулода нишон дода натавонистанд. Аммо соҳаи ҳавопаймосозии низомии Русия мустақил ва худкифо аст?

– Ин масъалаи хеле бузург аст. Дар шикастпораҳои мушакҳои русӣ ва таҷҳизоти дигар ниманоқилҳои ғарбӣ ошкор шуданд. Ба гунаи ҳавопаймоҳои мулкӣ дар ин замина низ мушкили фасодкорӣ ҷой дорад. Ман бо намояндаҳои ин соҳа дар соли 2016 суҳбат карда будам ва онҳо аз эҳтимоли шомилшавӣ ба ҳайати “Ростех” ва имкони фурӯши ҳама чиз аз сӯи Чемезов нигарон буданд. Онҳо муътақид буданд, ки Чемезов ба хотири фоидаи пулӣ ҳама чизро мефурӯшад. Мусаллам аст, ки бештаре аз ин нигарониҳо воқеият пайдо карданд, аммо мо намедонем, ки то кадом сатҳ. Рӯшан аст, ки онҳо тавоноии идомаи тавлиди ҳавопаймоҳои низомиро доранд, вале масъалаҳои дигар ҳама зери суол ҳастанд. Аз ҷумла, мо намедонем, ки то куҷо онҳо ба ниманоқилҳои ғарбӣ вобаста мебошанд.

“Ҳавопаймо “гамбургер” нест”

– Шумо навишта будед, ки вазъи саноати ҳавопаймосозӣ дар маҷбурсозии режими Путин барои қатъи ҷанги хунин ё варшикастагии иқтисодии Русия нақши муҳим мебозад. Барои чӣ маҳз ба бахши ҳавопаймосозӣ аҳамияти бештар медиҳед?

– Фикр мекунам, аз эҳсосоти мардуми оддӣ, қишри миёна вобаста аст, ки кишвар то куҷо дар инҳисор қарор дорад. Онҳо метавонанд, мошини сохти русӣ бихаранд, ҳарчанд ин мошине нест, ки онро доштан мехоҳанд. Онҳо метавонанд, гамбургереро ба мисли гамбургери “Макдоналдс” харидорӣ кунанд, чаро не. Аммо хатсайрҳои ҳавоӣ дигар аст. Оё мардум мушкилсози ногаҳонӣ шудани ҳаракати озод дар қаламрави кишвари худро ҷиддӣ мегиранд? Онҳо аллакай ба душворӣ ба кишварҳои ғарбӣ сафар мекунанд, ҳарчанд бигзор бо ҳавопаймоҳои “Emirates” ҳам бошад, метавонанд ба Дубай раванд, ки ин ҳам дар асл бад нест. Вале, агар онҳо ногаҳон натавонанд ба дидори хешовандон дар дохили кишвар бирасанд ё парвози хидматӣ анҷом диҳанд, чӣ? Оё ин амр ба дарки ин нукта, ки дар мавриди сиёсатҳои фаромиллӣ корҳо чандон хуб нестанд, оварда мерасонанд? Посухи дақиқро намедонам, вале бояд бубинем.

– Дар пешбинии Шумо гуфта мешавад, ки “баъд аз даҳ сол Русия эҳтимол бештар кишвари фасодзада ва фашистӣ бо марзҳои баста ва иқтисоди фалаҷ хоҳад шуд. Агар Путин равад, ҷойгузини ӯ бо эҳтимоли зиёд миллатгарои низомӣ хоҳад шуд. Танҳо нуктаи мусбати ин амр эҳтимоли пайвастани Русия ба бозорҳои ҷаҳонии энержӣ ва молӣ баъд аз хотимаи ҷанг бо Украина хоҳад шуд. Русия ҳамчунин ба фурӯши ашё ба ҷаҳон идома медиҳад. Ин чизест, ки Русия дар ихтиёр дорад. Сармоягузорон ва пулдорон аз кишварҳое ба мисли партови радиоактив ҳазар мекунанд”. Шумо ҳамчунин ба ин назаред, ки ҷаҳонро коҳиши рушди иқтисодӣ ва тиҷорат дар пеш аст, аммо замони хубе барои саноати низомӣ ва худи низомиён дар пеш аст. Дар пешбиниатон тағйире нашудааст?

– Аз тағйирёбии он хушҳол мешудам. Вале воқеият дар он аст, ки шахсоне, ки бояд ба кишвар тағйирот биёваранд, бо сабабҳои маълум кишварро тарк мекунанд. Ҳамон тавр, ки бобову бибии ман, ки аз Русия ва Украина буданд, низ кишварро дар гузашта тарк кардаанд. Мутахассисони арсаи фанновариҳо кишварро тарк мекунанд. Тасаввури дарки тағйирот бидуни чунин шахсон, ки метавонанд эътироз кунанд ё ба ҳадафҳои дигар бирасанд, хеле душвор аст. Дар сурати набудани чунин нафарон, вақте Путин бо ин ё он сабаб меравад, мусаллам аст, ки нерӯи аз ҳама муташаккил дар кишвар миллатгароёни сарсахт ва нафарони низомипараст мешаванд. Ин дар ҳолест, ки қишри миёна ва мутахассисони фанновариҳои навин дастҷамъона кишварро тарк мекунанд. Дар чунин ҳолат хушбин будан хеле душвор аст. Ба ин далел, хушбин будан нисбати қисми боқимондаи ҷаҳон низ душвор аст.

Валентин Баришников, бахши русии Радиои Озодӣ