Русия дар рӯзҳои аввали ҷанг дар Украина шаҳри Киевро ҳадафи асосӣ қарор дода буд. Шаҳр мушакборон шуд ва беш аз 600 иншооти ғайринизомӣ вайрону ҳазорон нафар бехонумон гаштанд. Ҳамакнун бозсозии 300 бино оғоз шудааст.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, мегӯяд, Русия қасдан ба биноҳои ғайринизомӣ ҳамла мекунад: "Чизе, ки "амалиёти махсус" алайҳи нерӯҳои мо ва дар ватани мо меноманд, беш аз 220 бинои истиқоматиро вайрон кард. Онҷо мардуми оддӣ мезистанд. Ҳадаф ин аст. Ҳар чизе, ки дар таблиғоти Русия мебинем, дурӯғ аст."
Шаҳдори Киев дар идома гуфт, "суоли асосии ҳар украинӣ ҳоло ин аст, ки ҷанг кай тамом мешавад?"
Кличко дар талош барои бозсозии Киев ва барқарории сулҳ танҳо нест. Владимир Кличко, бародараш ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, дар паҳлӯяш аст. Владимир Кличко мегӯяд, "ин қарзи шаҳрвандии ман аст. Ҳамин роҳро интихоб кардем. Бовар дорам, ки ҳама украиниҳо, мардону занон, иҷрои қарзи шаҳрвандиро дарк мекунанд."
Наворро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷанг моҳҳост, ки идома дорад. Сокинони Киев ба мисли миллионҳо украинӣ дуо мекунанд, ки ин даҳшат зудтар поён ёбад ва онҳо ба зиндагии маъмулӣ баргарданд. Бародари шаҳрдори Киев аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, пеши роҳи таҷовузгарии Русияро бигиранд.
Владимир Кличко, қаҳрамони муштзанӣ, мегӯяд, "агар мо пеши роҳи Русияро инҷо нагирем, бояд донем, ки ин оғоз аст. Пас аз ғасби Украина, онҳо дари кишварҳои дигарро хоҳанд кӯфт. Бояд кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба Русия нишон диҳанд, ки дар асри 21, пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ҳамла ба як кишвари мустақил бо нақзи қонунҳо кори дуруст нест."
Мардуми Украина барои сулҳ дуо мекунад. Ду бародар ва қаҳрамонони ҷаҳон оид ба муштзанӣ барои бозсозӣ талош мекунанд ва барои бозгашт ба сулҳ дар Аврупо алайҳи Русия мубориза мебаранд.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. То кунун ба асари ин ҳамла ҳазорон нафар аз ҳар ду ҷониб ҷон бохтаанд. Тибқи иттилои Созмони Милал, ҳудуди 12 миллион украинӣ овора шуда, беш аз 5 миллион нафари онҳо ба хориҷ муҳоҷир шудаанд.