Музаффар Бурҳонов аз тарки Тоҷикистону шуҳраташ мегӯяд. ВИДЕО

Музаффар Бурҳонов ҳанӯз ҳам корашро идома медиҳад.

Рӯзи 3-юми июл ҳунарманди маъруфи балети тоҷик Музаффар Бурҳонов 81-сола шуд. Ин ситораи ҳунар солҳои шӯравӣ ҳамроҳ бо ҳамсар ва шарики рақсиаш Малика Собирова балети Тоҷикистонро дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шӯҳратёр кардааст.

Зиндагии Музаффар Бурҳонов аз ду марҳила иборат аст: давраи кору зиндагии муштарак бо Малика Собирова ва давраи баъдӣ – зиндагӣ бо ҳамсари наваш Нодира Бурҳонова ва фарзандонаш дар хориҷ аз Тоҷикистон.

Бо Малика Собирова Музаффар Бурҳонов аз замони таҳсил дар Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Ленинград шинос буданд ва баъдан дар саҳнаҳои калони балет ҳамроҳ ба муваффақиятҳои ҳунарӣ расиданд. Баъди марги Малика Собирова дар соли 1982 Музаффар Бурҳонов аз рақсу ҳунарнамоӣ ба омӯзгорӣ пардохт, дар Театри операву балети ба номи Айнӣ шогирдони навро тарбия кард ва дар солҳои 1990-ум бо оилааш ба Аврупо кӯчид.

Дар шаҳри Лодзии Полша ва баъдан шаҳр Берлини Олмон дарсҳои инфиродии балет дод. Ҳамсараш Нодира Бурҳонова бо ихтисоси консертмейстер дар Театри давлатии операи Олмон кор мекунад. Писараш Далер аз роҳи падар рафт ва ҳамроҳ ҳамсари ҷопониаш раққоси балети Театри шаҳри Ҳалле мебошанд. Духтараш Рухшона Бурҳонова мусиқинавоз аст.

Музаффар Бурҳонов дар рӯзҳои аввали моҳи майи соли 2022 дар хонааш дар Берлин дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи қарори тарки ватан кардан, хотираҳо аз падараш – ҳунарпешаи маъруфи синамо Аслӣ Бурҳонов ва ҳам нақши балет сӯҳбат кард.

Қарори тарки Тоҷикистон ва ёдоварӣ аз падар

Музаффар Бурҳонов: Ман он вақт (солҳои 1990-уми авҷи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон) дар маҳаллаи Гардиши фурудгоҳ зиндагӣ мекардам. Вазъ ин ҷо бисёр мушкил буд. Доим ҳар хел низоъҳо рух медод, гоҳо тир ба тирезаи хонаи мо мерасид. Мо дар ошёнаи панҷум зиндагӣ мекардем ва он ҷоҳо тирандозӣ мешуд. Бачаҳо майда буданд, барои нон навбат меистодем, гуруснагӣ буд, ягон чиз харида намешуд. Чӣ бояд мекардем? Ман ҳамон вақт гуфтам, ҳар куҷое аввал даъват кунанд, меравам. Ман аз Туркия, аз Фаронса ва Полша даъвати кор интизор будам. Полша якбора се пешниҳод фиристод. Оилаамро гирифтаму ба Полша рафтам.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Музаффар Бурханов: "Папа хотел, чтобы я стал как он – знаменитым"

Радиои Озодӣ: Падаратон Аслӣ Бурҳонов ба ин қарори шумо чӣ гуфтанд? Падари шумо – аввалин ҳунарпешае, ки дар саҳнаи тоҷик нақши Ленинро бозиданд, дар филми маъруфи «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши асосиро бозидаанд.

Музаффар Бурҳонов: Падарам одами бузург буданд. Он кас аз рӯи асарҳои Фирдавсӣ, Умари Хайём, Алишери Навоӣ, ҳамаи асарҳи Шекспир нақш бозӣ карданд, тамоми асарҳои классикии русро иҷро карданд, ба ду забон гап мезаданд. Бисёр боистеъдод буданд. Аз кӯдакӣ нақшашон дар намоишномаи «Труффалдино аз Бергамо» дар ёдам мондааст ва ман рақси он касро такрор мекардам. Ба кӯча баромада рақс мекардам ва ҳама мегуфт, ки «Чӣ хел ҳунар доштаӣ?». Ман мегуфтам, ки «ин – падари ман аст!». Баъди ҳамин ба ман гуфтанд, ки бояд ба мактаби балет равам.»

Радиои Озодӣ: Вале вақте аз Тоҷикистон рафтанӣ шудед, падар розӣ буданд?

Музаффар Бурҳонов: «На, падарам он вақт бемор буданду баъзе мушкилот буд. Гуфтанд, ки «тоқат кун».

Радиои Озодӣ: Яъне дар Тоҷикистон монда тоқат кунед?

Музаффар Бурҳонов: Бале.

Радиои Озодӣ: Шумо чӣ гуфтед?

Музаффар Бурҳонов: «Ман гуфтам, ки охир чӣ хел тоқат кунам. Кӯдаконам хурдсоланд, ин ҷо одамкушӣ аст, ман бекор гашта чӣ мекунам? Хайр, ин хел бошад, худат бин, гуфтанд.

Радиои Озодӣ: Вақте даргузаштанд, шумо дар Аврупо будед. Чӣ хел хабардор шудед?

Музаффар Бурҳонов: «Ман ин ҷо будаму аз радио шунидам, ки Аслӣ Бурҳонов даргузашт (соли 1996 буд). Радиои шумо, Радиои Озодӣ гуфт.»

Радиои Озодӣ: Яъне хабарро аз радио шунидед? Ба шумо хешу табор занг назаданд ё фурсат наёфтанд?

Музаффар Бурҳонов: «Ман аз радио фаҳмидам ва онҳо ҳам сари вақт хабар дода натавонистанд. Вақте фаҳмидам, ки Бурҳонов гузашт, зуд рафтам. Рафтаму маъракаи чиҳилашро додам.»

Радиои Озодӣ: Чунин эҳсосе надоштед, ки ғурбату роҳи дур нагузошт, ки сари вақт дар наздашон бошеду ёрӣ кунед?

Музаффар Бурҳонов: «Медонед, он ки ман дур будам, шояд беҳтар буд, чун аз сар гузаронидани ин дард бисёр мушкил мешуд.»

Радиои Озодӣ: Он ҷо бародаратон буд, хаёлам?

Музаффар Бурҳонов: «Бале, Зафар. Ҳама корро ба ҷо ман аз рӯи расму оин анҷом дод ва ман ҳам қадри тавонам барои гӯру чӯбаш пул фиристодам.»

Нақши падар бештар ва ё модар?

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки падаратон дар интихоби роҳи зиндагӣ нақши муҳиме бозиданд?

Музаффар Бурҳонов: «Падарам дар кораш бомаҳорат буд ва ман ҳам ин маҳорати ӯро мерос гирифтам. Барои ман асосан модарам заҳмат кашидаанд (раққосаи балет Хадича Маҳмудова). Падарам намехост, ки ман ба омӯзишгоҳи хореографии Ленинград рафта хонам.»

Радиои Озодӣ: Дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ чунин андешае вуҷуд дорад, ки «балет ва опера ҳунарҳои бегона барои ҳунафарҳанги миллии ин кишварҳо ҳастанд». Ҳатто даъватҳое ба бастани ин театрҳо ҳам садо додааст. Шумо аз як оилаи суннатии тоҷикӣ ҳастед, наврас будед, ки шуморо ба мактаби балет доданд. Ин қарор дар оила чӣ хел қабул шуд? Оё баҳсе сари зарурати ба писар омӯхтани балет дар хонаатон сар задааст?

Музаффар Бурҳонов: «Ҳеҷ гоҳ чунин гап набуд. Фақат падарам дуруст дарк намекард, ки омӯзишгоҳи хореогафӣ чист. Ӯ мегуфт, ки «Ба ӯ хор чӣ лозим». Вай хаёл мекард, ки дар омӯзишгоҳи хореографӣ суруд мехонанд. «Ту ҳамин ҷо ҳам сурудхониро ёд мегирӣ» мегуфт. Ман мегуфтам, ки «дада, он ҷо рақсу балет аст». «Э, балет, чӣ даркор? Лозим не» мегуфт.»

Радиои Озодӣ: Чаро мегуфтанд, ки лозим нест?

Музаффар Бурҳонов: «Мехост, ки дар наздаш бошам. Мехост, ки ман як актёри драммавӣ шавам. «Он ҷо бошад, маълум нест чӣ мешавад», мегуфт. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки маро чун як писари болаёқат дар ҳайати гурӯҳе барои таҳсил фиристоданд.»

Радиои Озодӣ: Билохира падар розӣ шуданд?

Музаффар Бурҳонов: «Бале, вақте ба наздам ба Ленинград меомаданд, розӣ шуда буданд, вале мегуфт, ки фақат ту бояд мисли ман шавӣ.»

Радиои Озодӣ: Яъне чӣ гуна?

Музаффар Бурҳонов: Машҳур.

Радиои Озодӣ: Яъне номи шумо маъруф бошад?

Музаффар Бурҳонов: «Бале, номи Бурҳонов. Барои дидани намоишномаҳои падарам билет ёфта намешуд. Намоишномаҳои «Қорӣ Ишкамба», «Арӯси панҷсӯма»… вақте бозӣ мекард, тамоми толор доду фиғон мебардошт, хандакаф мешуд. Баъд баъзеҳо рафторҳои падарамро такрор мекарданд, чӣ хел вай фиреб медод, ҳаннотӣ мекард. Мегуфт, ки «Маро тамошобин дӯст медорад». Вақте мо ҳам бо Малика омадем, барои дидани мо ҳам толор пур мешуд. Моро ҳам тамошобин дӯст дошт. Мо раққосони асосӣ шудем. Худамон ба ҷое расидем. Масалан, давраи рухсатӣ фаро мерасид ва Малика мегуфт, ки «биё, ба як озмуни байналмилалӣ меравем». Мо ҳарду тайёриро сар мекардем, я пианинонавоз бо мусиқиву оҳанг кӯмак мекард. Омода шуда, Маскав рафтем. Он ҷо озмуни калоне буд, довталабон хеле зиёд. Аз тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ману Маликаро гирифтанд.»

Андешаҳо дар бораи "бегона" будани балет

Радиои Озодӣ: Назари шумо дар бораи ин андешаҳо, ки опера ва балет барои мо бегона аст.

Музаффар Бурҳонов: «Ин андешаҳо аз он ҷо пайдо шуданд, ки як давраи шикаст ба миён омад. Вақте мо аз Ленинград омадем (соли 1961), дар ноҳияҳову минтақаҳои дурдаст рафта рақс мекардем. Буданд ҳолатҳое, ки моро бо тухм мезаданд.»

Радиои Озодӣ: Ростӣ?

Музаффар Бурҳонов: Бале.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Музаффар Бурҳонов: «Чунки ӯ пояшро мебардорад ва аз ҷо дод мезананд, ки “э, эзората пӯш, эзор нест”. Тамошобин дод мезад. Ман мегуфтам, ки каме поятро поинтар кун, ин ҷо қабул надоранд. Чунки ҳанӯз ҳунари классикиро дарк намекарданд. Оҳиста-оҳиста одат карданд. Дафъаи дигар мо шалвор пӯшида рафтем, то ки номаълум шавад. Чунки бояд ҳамзамон тарбия мекардем. Ҳунари классикӣ мушкил аст. Вақте Ғаффор Валаматзода намоишномаҳои «Ду гул», «Дилбар», «Лайливу Маҷнун»-ро ба саҳна мегузошт, онҳо рӯи ангуштони қатшудаашон бо шалвору шим меистоданд. Мо, ки тоза омада будем, аз рӯи қонун бо трикову эзори часпида ҳунарнамоӣ мекардем. Вале тамошобин моро дӯст дошт, дуруст қабул кард. Он замон ҳам баъзеҳо мегуфтанд, ки ин фарҳанги мо нест. Ин ду-се нафаре буданд, ки мегуфтанд, ки «мо – мусалмон ҳастем ва чунин набояд бошад».

Радиои Озодӣ: Яъне, ба бовари шумо, бояд тамошобинро таълиму тарбия мекардед?

Музаффар Бурҳонов: «Ҳатман, ҳатман. Ман ба шумо ёдовар мешавам, ки мо авваллин театри операву балет дар Осиёи Марказӣ ҳастем, ки унвони академикиро касб кард, чунки мо аввал шуда дар Маскаву Иттиҳоди Шӯравӣ балети классикиро намоиш додем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло шояд як ҷавоне бигӯяд, ки балетро тамошо намекунад ва шумо вазифаи худро дар он мебинед, ки ҳамин фарҳангро дар ӯ тарбия кунед. Чӣ мегӯед, ки фикрашро тағйир диҳад?

Музаффар Бурҳонов: «Ман мегӯям, ки медонӣ, донистани фарҳанг ва рақси миллӣ хеле хуб аст. Вале ту боз бояд аз фарҳанги ҷаҳонӣ бохабар шавӣ. Фарҳанги ҷаҳон ҳамаро муттаҳид мекунад. Ту онро дертар дӯст хоҳӣ дошт, ҳоло дарк намекунӣ, намефаҳмӣ, вале каме сабр кун, ҳамаашро мефаҳмӣ.»