Дар Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шудааст. Сокинон дар куҷо оббозӣ кунанд? ВИДЕО

Рӯди Вахш

Моҳе пеш ҷасади Некрӯз Бобоеви 30-сола, як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро аз “Баҳри Норак” пайдо карданд.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳамроҳ бо дӯстонаш барои шиноварӣ рафта буд, вале ғарқ шудааст. Мақомоти Норак ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҷавон, ки зоҳиран шиновариро намедонист, бе омодагӣ ба оби сард ворид шудааст ва дасту пояш “аз кор мондааст”.

Некрӯз танҳо нафаре нест, ки дар рӯдхона ғарқ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз марги 69 нафар бар асари ғарқшавӣ дар дарёву рӯдҳои кишвар хабар дод.

"Аз май то август ғарқ мешаванд"

Ба иттилои кумита, ин омор дар 6 моҳи имсол сабт шудааст ва миёни ҷонбохтагон аксарият кӯдакону наврасон ҳастанд.

Ҷамшед Камолов, сардори сарраёсати ҳифзи аҳолии ин ниҳод, рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси таҳлили онҳо имсол дар Тоҷикистон гармӣ барвақттар омад ва чунин ҳодисаҳои нохуш асосан дар моҳҳои май то август бештар рух медиҳад. Вай афзуд, дар аксар ҳолат сокинон ба маконҳои хатарзо мераванд, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ин намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинон даъват кард, ки барои оббозӣ ба ҷойҳои хатарзо нараванд. Вале бо тафсон шудани ҳаво дар Тоҷикистон сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон, бештар худро ба кӯлу дарёҳо мезананд, то шиддати гармиро камтар эҳсос кунанд.

Чаро сокинон дар ҷои хатарнок оббозӣ мекунанд?

Дар ду рӯзи ахир гармии ҳавои Душанбе аз 40 дараҷа гузашт ва дар баъзе гӯшаҳои кишвар аз ин бештар ҳам расид. Дар чунин ҳавои гарм нигаронии бархе сокинон ин аст, ки ба ҳавзҳои шиноварӣ дастрасӣ надоранд, зеро нархҳояшон ба назари онҳо гарон аст. Бино бар ин, ба қавли сокинон назар ба "аквапарк"-у маконҳои шиноварии пулакӣ, рӯ ба дарёҳои ройгон меоранд. Ҳарчанд хатарзо низ бошанд.

Боздиди мо аз чанд маркази хидматрасонӣ дар Душанбе нишон дод, ки барои шиноварӣ ё оббозӣ дар чунин марказҳо аз 20 то 170 сомонӣ пардохт намудан лозим аст. Нархе, ки зӯри на ҳама мерасад.

Маркази хидматрасонии “Обшорон”-и Душанбе барои чаҳор соат оббозии кӯдакон 20 ва барои калонҳо 40 сомонӣ талаб мекунад. Осим Мирзоев, намояндаи ин марказ, рӯзи 28-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба дигар марказҳо нархномаи онҳо арзон аст ва муштариёнашон имрӯзҳо зиёд аст. Ин марказ давлатӣ буда, тобеи ҳукумати Душанбе аст.

"Кӯли Душанбе" яке аз дигар марказҳои хидматрасониест, ки барои дар ҳавзи он оббозӣ кардан пардохти то 170 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ин кӯл дар ҷойи пештараи Кӯли Варзоб бунёд шуда, ғайридалатӣ аст. Намояндагонаш нахостанд дар мавриди шароити хидматрасониҳои он суҳбат кунанд.

Сокинон мегӯянд, нархномаи марказҳои хидматрасонӣ барои оббозӣ на барои ҳама дастрас аст, бино бар ин маҷбуранд, ба маконҳое раванд, ки ё обаш тоза нест ё барои шиноварӣ хатарнок аст.

"Кӯли ҷавонон" ройгон, вале хатарнок

Мушарраф Худоева, сокини пойтахт, набераҳои худро ба "Кӯли ҷавонон" овардааст, ки ба таври ройгон оббозӣ кунанд. Вай рӯзи 28-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта дар дигар гӯшаҳои Душанбе низ чунин маконҳо буд, вале ҳоло пулакӣ шудаанд. Мегӯяд, ягона ҷои ройгон, ки барои оббозии кӯдакон иҷоза аст, ҳоло ҳамин "Кӯли ҷавонон" мондааст.

Ҳарчанд дар баъзе гӯшаҳои ин кӯл партовҳо ба назар мерасад ва шароиташ мислӣ дигар марказҳо нест, вале бо далели ройгон будан даҳҳо ҷавону наврас мисли набераҳои ин зан ба инҷо меоянд. Наврасоне, ки ба инҷо меоянд, ба гуфтаашон, имкони ба “аквапарк”-ҳо рафтанро надоранд.

Оббозии сокинон дар обу дарёҳои пуршиддат, ба мисли дарёи маъруф, бо номи "Душанбинка", ки шиноварӣ он ҷо манъ аст, имрӯзҳо бештар ба назар мерасад. Баъзе ҷавонон тасдиқ мекунанд, ки оббозӣ дар чунин ҷойҳо хатарнок аст, вале ҷойҳои аз ин беҳтар, ки ройгон бошад, намедонанд.

Ҷобир Муродов, сокини ноҳияи Фархор ба Душанбе меҳмонӣ омадааст. Мегӯяд, ба нархномаи кӯлу "аквапарк" ва дигар марказҳои оббозӣ дар Душанбе шинос шудааст, ки ба назараш хеле гаронанд.

"Дар Фархор нисбат ба ин ҷо арзону имкониятҳо бештар аст, ҳарчанд шароити ҷойҳои пулакӣ инҷо беҳтар аст, вале одамоне ҳастанд, ки шароит надоранд, бояд нархҳо дастрас бошанд. Баъдан дар минтақаҳо ё ноҳияҳои дигар гоҳе ҷавонон пеши роҳи обро худ маҳкам карда, ҳавзи хурде сохта оббозӣ мекунанд, дар Душанбе на дар ҳама ҷо чунин шарои аст,"--афзуд, ӯ.

Пешниҳоди сокинон

Бархе сокинон, аз ҷумла волидони наврасон гуфтанд, беҳтар аст дар баробари маконҳои шиноварии хусусӣ, ки нархҳояшон гарон аст, ҷойҳои оббозии давлатӣ ва ройгон ҳам ташкил шавад, то фарзандонашон аз хурдӣ шиновариро тамрин намоянд.

Дар ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҳозир нашуданд, ки масъалаи шароит барои оббозиву шиноварии сокинонро шарҳ диҳанд. Мартаба Султонзода, масъули Дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, рӯзи 28-уми июн гуфт, ба пурсишҳои мо дар нишасти матбуотияшон посух медиҳанд. Чанде аз масъулони ҳукумати Душанбе низ шарҳи мавзӯъро ба рӯзҳои баъдӣ гузоштанд.

Дар Тоҷикистон бисёре аз рӯдхонаҳо кӯҳӣ ҳастанд ва оби сарду маҷрои тез доранд, ки шиноварӣ дар он сахту хатарнок аст. Азбаски ҳавзҳои оббозӣ на ба ҳама дастрас аст, сокинону наврасон худро ба ҳамин дарёҳои хатарнок мезананд, ки на ҳамеша аз он сиҳат берун омадан имкон дорад.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, миёни сокинон ва махсусан наврасон барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои нохуш ва риояи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Аммо чанд ҳамсуҳбати мо гуфтанд, мақомот шароит муҳайё кунанд, ҷавонон худ ба маконҳои хатарзо нахоҳанд рафт. Дар чанд соли ахир мақомот аз бунёди маконҳои оббозӣ ё шиноварии сокинон пайваста хабар медиҳанд, вале бо таваҷҷӯҳ ба он ки арзиши хидматрасониҳои чунин ҷойҳо барои мардум дастрас нест, мушкили дасрасӣ ба ҳавзҳои оббозӣ ҳамоно аз забони сокинон садо медиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Моҳи июл ҳаво дар Тоҷикистон гармтар хоҳад шудАбдуллои 7-соларо то ҳол аз об наёфтаанд "Шуҷоат"-и Ҳоҷимурод. Як сол баъди марги донишҷӯи тоҷик ба ӯ медал додандБоздошти ду омӯзгор дар робита ба марги чаҳор шогирдашон. Саёҳате, ки бо фоҷиа анҷомид. ВИДЕОДу муаллимро дар марги шогирдон ҷавобгар медонандҶасади ду марзбони тоҷикро пайдо кардаанд