Сокинони Гулбутта мегӯянд, аз дасти "Дулан"-ҳо ба дод омадаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гурӯҳе аз сокинон дар як маҳаллаи Душанбе бо чанд соат бастани роҳи мошинҳои боркаш хостанд, таваҷҷӯҳи мақомотро ба мушкили худ ҷалб кунанд. Онҳо шикоят доранд, ки ҳар рӯз мошинҳои азими боркаш мисли "Дулан" аз байни кӯчаҳои онҳо мегузарад ва ба хонаҳояшон осеб расонидааст.