Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки ҳафтаи гузашта қабул шуд, интихоби муассисон ва имомони масҷидҳо дар Тоҷикистон сахттар мешавад. Онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин мекунанд, ҳақ надоранд, ҳазорон нафар аз пасашон намоз гузорад. Иддае тасмимро дуруст мешуморанд, дигарон аз тангтар шудани ҳалқаи озодиҳо мегӯянд.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили порлумони Тоҷикистон ва аз муаллифони тағйирот, рӯзи 28-уми июн гуфт: "Шахсони гунаҳкор ба ҷинояти ҷинсӣ, терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигари вазнин ва махсусан вазнин, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд."
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, чунин меъёр дар гузашта дар як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонун дар бораи маориф, вуҷуд дошт.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан чаҳор ҳазор масҷид сабти ном шудааст ва ҳар яке аз онҳо имомхатиб ва ё сархатиб доранд. Онҳо аз тарафи муассисони масҷиду раисони маҳаллаҳо пешниҳод шуда, дар мувофиқа бо мақомот таъин мегарданд. Имомхатибон аз соли 2014 аз буҷаи давлат маош мегиранд.
Як имомхатиб бе зикри номаш гуфт, бе тағйири қонун ҳам, пешбарӣ ва тасдиқи номзадҳо чанд сол боз зери назорати ҷиддӣ анҷом мешуд. "Мақомот ва ё сокинони деҳаву маҳаллаҳо ҳеч гоҳ шахси гунаҳкор ба ҷиноят ё ҳамкори гуруҳҳои тундравро имом интихоб намекарданд. Вақте чунин афрод ба масҷид меоянд, дигаронро мағзшӯӣ мекунанд. Ин гапи нав нест," -- афзуд ӯ.
Анвар Шамолов, ки аз масоили дину мазҳаб огоҳӣ дорад, гуфт, "аз нигоҳи аввал ин тағйир қобили қабул ва зарурӣ аст". Вале айни замон, ба гуфтаи ӯ, "дигаргунии охир фаъолияти масҷидҳоро маҳдудтар хоҳад кард."
"Дар баъзе аз масҷидҳо имомони хушсадо ва бомаълумотро барканор мекунанд ва ба ҷояшон шахсонеро мемонанд, ки талаффузи дуруст ва дониши фарогири динӣ надоранд. Ба зоҳир чунин менамояд, ки ин тасмимҳо маҳз ба хотири дилсарду дур кардани мусулмонон аз масҷидҳо аст. Барои ходими масҷид будан шарти аввал ҷавобгӯ будан ба талаботи имомӣ, яъне бо дурустӣ ва бенуқс анҷом додани ибодат аст," – гуфт мусоҳиби мо.
Ҳуқуқшиносон бар инанд, ки ин меъёр эҳтимол барои шахсоне, ки иштибоҳӣ маҳкум ва баъдан “бахшида” шудаанд, мушкилӣ пеш хоҳад овард.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, гуфт, “ба назари ман, агар ин меъёр мавриди амал қарор гирад, хатои мантиқӣ мешавад. Мумкин аст, нисбати ҳамин категорияи одамон эҳтимоли татбиқи беадолатиҳо бештар шавад ва онҳо аз манбаъҳои даромад ва шуғли муайян низ мемонанд."
Пешаи имомхатибӣ дар Тоҷикистон зоҳиран обрӯву эътибори қаблиашро аз даст медиҳад ва ҳоло кам шахсоне ёфт мешаванд, ки масъулиятро бар дӯш бигиранд. Солҳои ахир на танҳо симои имомхатибон ба таври куллӣ дигар шуд, балки онҳо аз як муллои пешнамоз ба як таблиғгари ҷамъиятӣ табдил ёфтанд. Бо вуҷуди ин, давлат дар пайи таҳкими назорат бар фаъолияти онҳост.
Солҳо боз мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ танқид мекунанд. Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи июни имсол дар гузориши солонааш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, дигарбора Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои мояи нигаронии хос гузошт. Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш гуфтанд, “гузориш вазъи воқеии озодиҳои диниро дар кишвар баён намекунад.”