“Худиҳоро дастгирӣ мекунанд”
Радиои Озодӣ: Соли 1996 аз Тоҷикистон берун шудед ва 26 сол боз дар Берлин ҳастед. Албатта, ба Тоҷикистон ҳам меравед, аммо қарори тарки кишвар дуруст буд?
Фирӯз Баҳор: “Бале, қарор дуруст буд. Ман Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам. Тоҷикистон – ватани ман. Ватан ба мисли модар яктост. Ман аз онки тоҷикам, розӣ ҳастам. Мо бисёр миллати олӣ ҳастем. Ҳунармандон, шоирон, мутрибон, файласуфҳо дорем. Ман фикри аз Тоҷикистон рафтан надоштам, лекин фаҳмидам, ки барои эҷодиёти ман ҷое нест.”
Радиои Озодӣ: Яъне, аз назари эҷодӣ ҳис кардед, ки соли 1996 дигар барои Шумо ва эҷодатон ҷое набуд. Барои чӣ?
Фирӯз Баҳор: “Барои онки на консерт буд ва на Театри опера ва балет нағз кор намекард. Ман фикр кардам, асарамро ба ягон ҷои дигар барам, нашру паҳн кунам.”
Радиои Озодӣ: Дар Олмон хостаҳои эҷодии худро бароварда тавонистед?
Фирӯз Баҳор: “Аз як тараф – ҳа, аз тарафи дигар – не. Ман ин ҷо як нашриёти олӣ ёфтам. Peermusic Classical бисёр нашриёти олӣ аст ва ҳамаи асарҳои маро, ки ба забони тоҷикӣ навиштаам, чоп кард. Аз тарафи дигар, дар ҳама мамлакати дунё як қонуни нонавишта ҳаст. Фақат композиторҳои худиро дастгирӣ мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Бештар оҳангсозони маҳаллиро дастгирӣ мекунанд?
Фирӯз Баҳор: “Бештар не, фақат маҳаллиҳоро. Ман ба забони олмонӣ ҳам баъзе чизҳоро навиштаву чоп кардам, вале иҷрояш пеш намеравад. Барои иҷрокунандагон маблағу вақт ва толор зарур аст. Вале ман худам ҳам консерт медиҳам.”
Радиои Озодӣ: Дар куҷоҳо?
Фирӯз Баҳор: “Масалан, дар Лондон, дар ҷашнвораи байнулмилалӣ ду консерт додам. Дар Сюрих, дар Лозаннаи Швейтсария, дар шаҳри Ҳамбург чанд консерт додам, дар Берлин ҳам, албатта.”
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Мо аз Тоҷикистон бисёр вақт хабарҳое дар бораи пешрафти ҳунари операву балет мешунавем. Шумо бо таҷрибае, ки доред, намехоҳед, дубора ба Тоҷикистон баргардед?
Фирӯз Баҳор: “Акнун вақти кор гузашт. Шахс баъди 75-солагӣ кам кор мекунад. Масъалаи саломатӣ ҳам ҳаст. Ман дар Тоҷикистон будам ва кам сафар мекардам. Албатта, дар консертҳо дар Эрону Итолиё ва Англия будам. Фикр мекунам, ҳоло дар Тоҷикистон вазъ бисёр хуб аст. Дар Театри опера асари “Мақоми ишқ”-и ман ба саҳна гузошта мешавад. Ин операву балет ҳаст. Бисёр хурсандам, ки ин асар дар Театри опера рафта истодааст.”
“Мо бой додем”
Радиои Озодӣ: Чунин андешае ҳаст, ки фарз кардем, то соли 1980 давраи рушди мусиқӣ – мусиқии классикиву симфониву полифониву дигарҳо буд, вале имрӯз вазъият дигар аст. Як андешаи дигар ҳам ҳаст, ки мусиқии симфонӣ хоси тоҷикон нест ва барои ҳамин дар Тоҷикистон зиёд рушд накард. Ба ин чӣ мегӯед?
Фирӯз Баҳор: “Зиндагии ман бо ин саволҳо гузашт. Мо бой додем.”
Радиои Озодӣ: Ба кӣ ва ба чӣ бой додед?
Фирӯз Баҳор: “Композиторҳои тоҷик ҷамъ шуда, як раҳбар доштанд. Ман ҳам яке аз раҳбарони Иттифоқи оҳангсозон будам. Мо натавонистем тавре кор кунем, ки халқ... Рости гап, халқ дар тарафи мо ҳам буд, халқ мусиқии профессионалиро ҳам дӯст медорад.”
Радиои Озодӣ: Аммо, ба фикрам, агар мусиқӣ хуб бошад, муҳим нест, ки онро кӣ менавозад. Иттифоқи оҳангсозон ё дигарон...
Фирӯз Баҳор: “Намедонам. Албатта, дуруст аст, ки “Шашмақом” мусиқии профессионалӣ аст, чун ин мусиқӣ дар назди дарбори амир бисёр машҳур буду аз амир пули калон гирифтаанд. Инҳо ҳама чиз доштанд. Падари ман хонандаи опера буд ва он даврае, ки ба ин кас гуфтанд, “биё, “Шашмақом” хон”, он кас гуфтанд, агар “Шашмақом”-хон шавам, опера хонда наметавонам. Онҷо бояд садо дигар бошад, дар “Шашмақом” нолаҳои олӣ дорад, лекин дигаранд. Падарам рад кард. Он кас беҳтарин тенори он давра буданд.”
Радиои Озодӣ: Ҳоҷӣ Аҳмадов?
Фирӯз Баҳор: “Ҳа, беҳтарин тенори Осиёи Марказӣ буданд. Ҳозир касе дар театри опера дар бораи кӣ будани он кас чизе намедонад. Ягон сурат ҳам намондааст. Ман таъна намекунам. Фақат ҳар мусиқӣ нозукиҳои худро дорад.”
“Мехостам инженер шавам”
Радиои Озодӣ: Дар бораи модаратон чанд ҷумла бигӯед. Шунида будем, ки модаратон овозхони операи тоҷик Мулук Баҳор ва падаратон Ҳоҷӣ Аҳмадов дар ташаккули Шумо нақши муҳиме бозидаанд?
Фирӯз Баҳор: “Ин асоси ҳар кас аст. Модар – модар аст.”
Радиои Озодӣ: Модаратон аз эрониҳои Бухоро буданд?
Фирӯз Баҳор: “Бале, дар Бухоро таваллуд шуда, Бухороро нағз медиданд. Дар Узбекистон бо бисёриҳо кор мекарданд. Аз аввалин хонандаҳои тоҷик буданд, ки Консерваторияи Маскавро хатм кардаанд. Дар театри операи мо солисткаи дараҷаи якум шуданд. Операҳои ҳам аврупоӣ, ҳам русӣ, ҳам тоҷикӣ хонданд. Модарам дар зиндагӣ бо ман бисёр кор карданд, бисёр насиҳат мекарданд, ки чӣ бояд кунам. Модараму падарам аввалину беҳтарин шунавандаи мусиқиҳои ман буданд.”
Радиои Озодӣ: Вақте мехостед муҳандис шавед, модаратон гуфтаанд, ки “ман дили туро медонам...” Ҳаминро нақл кунед.
Фирӯз Баҳор: “Ин дуруст аст. Ман мехостам инженер ё математик шавам. Математикаро хуб медонистам ва дар олимпиадаҳо ҷойҳои аввалро мегирифтам. Ман фикр кардам, аз рӯи ин соҳа ба Маскав хонданӣ меравам. Модарам гуфтанд, “ту одами нозук ҳастӣ. Ту ягон пул ё кӯпруке месозию вай хароб мешавад, ту зиндагӣ карда наметавонӣ”. Модарам гуфт, “ту бояд пианинонавоз шавӣ” ва ман ба омӯзишгоҳи мусиқии Тоҷикистон рафтам.”
Радиои Озодӣ: Ҳамин қиссаи Шумо баёнгари он аст, ки чӣ гуна падару модар нисбат ба фарзандашон бояд хеле бодиққат бошанд. Мо медонем, ки ин хел намунаҳо хеле кам ҳастанд. Падару модаратон раҳнамои зиндагии Шумо шуданд. Ҳамин чиз дар оилаҳои дигар ҳам шуданӣ аст?
Фирӯз Баҳор: “Ман насиҳатгар шудан намехоҳам. Ин кори бисёр душвор ва нозук аст. Албатта, оила чизи асосӣ дар зиндагӣ аст. Рости гап, падарам ягон насиҳат накардааст, лекин худаш ҳамин хел кор мекард. Падарам муллобача буд, чунки бобоям мударриси мадрасаи “Тиллокорӣ” буданд. Падарам Қуръонро хуб медонист ва ҳамин хел зиндагӣ кардааст. Ман медонистам, ки бояд фақат кори хуб кунам.”
Видеоро дар Ютюб тамошо кунед: