Низомиёни Украина дар ҷанг дар як шаҳри муҳим "ақибнишинӣ" кардаанд

Низомиёни Украина дар шаҳри Северодонетск. Акс аз 20-уми июни 2022

Низомиёни украинӣ шаҳри Северодонетскро дар вилояти Луҳанск, ки ҳафтаҳо боз майдони даргирии сахт буд, пурра тарк кардаанд. Дар ин бора Александр Стрюк, шаҳрдори Северодонетск, хабар дод.

Вазорати мудофиаи Украина хабарро расман тасдиқ ё рад накардааст. Вазорати мудофиаи Русия низ ҳанӯз аз тасарруфи шаҳр хабар надод, вале Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, эълон кард, ки "шаҳр зери назорати низомиёни рус аст".

Қисми зиёди вилояти Луҳанскро солҳо боз ҷудоиталабони рӯ ба Русия ба даст доштанд. Северодонетск дар ихтиёри Украина буд.

Пештар Сергей Ҳайдай, волии низомии Луҳанск, гуфта буд, ки низомиён барои он берун шудаанд, ки дар ҷои беҳтаре муқобили низомиёни рус сангар бигиранд.

Рӯзи шанбе дар бораи задухӯрд дар Лисичанск хабар нашр шуд, ки охирин шаҳри зери назорати Украина дар вилояти Луҳанск аст.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки ин шаҳр аз ҷануб баста шудааст. Ҷониби Украина гуфт, ҳамлаи низомиёни русро пас гардондаанд ва шаҳр дар муҳосира нест.

Дар задухӯрдҳо дар Северодонетск ва Лисичанск хонаҳои зиёде вайрон шудааст. Теъдоди ҳалокшудагон дар миёни сокинони маҳаллӣ маълум нест.

Русия рӯзи 24-уми феврал бебаҳона ба Украина ҳамла кард ва то кунун ҷанг дар ин кишвар давом дорад. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар беҷову овора шудаанд.