Худоӣ Шарифзода, пажуҳишгари машҳури адабиёти форсизабон агар умр вафо мекард, 85-сола мешуд. Бо вуҷуди эътироф шудани ковишҳои илмии ин донишманд дар кишварҳои ҳамзабон, раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ӯро ба узвияти худ напазируфтааст. Ҳарчанд, соҳибназарон мегӯянд, ки пажӯҳишҳои Худоӣ Шарифзода дар мавриди вижагиҳои назмии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар адабиётшиносии форсизабонон мондагор мебошад.