Вокзали роҳи оҳани Душанбе. Қатори Тошканд-Душанбе. Бори аввал пас аз 30 сол. Мусофиронеро, ки аз кишвари ҳамсоя ба Душанбе омаданд, бо гулдаста пешвоз гирифтанд.
Нодира Шодиева, яке аз онҳост, ки баъд аз ҳафт сол ба Душанбе омадааст. Дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 19 соат ба Душанбе расиданд: “Вақте ҳафт сол пеш ба Тоҷикистон омада будам, он вақт танҳо роҳи мошин буд. Акнун нағз шуд, ки бо қатор ба Душанбе меоем. Шароиташ нағз аст”.
Нахустин қатори Душанбе-Тошканд рӯзи 20-уми июн ба роҳ баромад ва аввалин мусофиронро ба Узбекистон бурд. Ҳаракати қаторҳо байни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуд. Маҳбубҷон Абулов таҷрибаи 40-солаи кор дар роҳи оҳани Тоҷикистонро дорад.
Ӯ борҳо бо қатор марзи Узбекистонро убур кардааст ва аз гузашта хотираҳои хубе надорад: “Солҳои раҳбарии Ислом Каримов (раиси ҷумҳури собиқ) убур аз Узбекистон сахту сангин буд. Ҳатто нафас гирифтан мушкил буд. Чор панҷ соат дар Сариосиё манъ мекарданд. Вақте дирӯз рафтем, тамоман дигар, ба мо гуфтанд, ки хуш омадед, боз биёед. Дар Самарқанд пешвоз гирифтанд. Бо чаҳор автобус ба боғ бурданд, тамошо кардем. Боз туҳфа ҳам доданд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз Душанбе то Тошканд 916 километр роҳ аст ва вақти сафар бо қатор 21 соатро дар бар мегирад. Дар миёни мусофирони нахустин қатори Душанбе-Тошканд, хабарнигорон ҳам буданд, ки барои инъикоси ин ҳодисаи таърихӣ даъват шудаанд.
Идигули Раҷаб, хабарнигори тоҷик аз оғози дубораи ҳаракати қатор байни Душанбеву Тошканд хушҳол аст ва бовар дорад, аз ин баъд мардуми бештари тоҷик метавонанд, аз ҷойҳои таърихию фарҳангии кишвари ҳамсоя дидан кунанд. Тавофуқ дар бораи ҳаракати дубора қаторҳои мусофирбар байни пойтахтҳои Тоҷикистону Узбекистон дар вохӯрии сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аввали моҳи июн дар шаҳри Тошканд ҳосил шуд.
Қатори Душанбе-Тошканд ҳафтае як бор ва рӯзи душанбе сурат мегирад ва қатор рӯзи сешанбе ба Тошканд мерасад. Аз Тошканд қатор рӯзи сешанбе ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад. Арзиши билет вобаста ба муҳлати фурӯш аз 381 сомонӣ аст. Маҳмадрасул Ғафуров, роҳбалади Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, бо бештар шудани талабот имкони зиёд кардани вагонҳо дар назар аст: “Аллакай беҳбудӣ ҳаст, мусофирон зиёд шуда истоданд, билетҳоро аз қабл мехаранд.”
Тоҷикистону Узбекистон бовар доранд, бо иҷрои ингуна тарҳҳо, интиқоли молу коло, равуо ва тиҷорати байни ду кишвар бамаротиб меафзояд. Барқарор шудани ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳодисаи таърихӣ аст, чун баъди қатъ шуданаш дар поёни солҳои 1990-ум бо баҳонаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ин роҳ барои мусофирон пурра баста шуд.
Роҳи мошингард танҳо василаи сафар ба Узбекистон ва Тоҷикистон буд ва танҳо баъди соли 2018 парвозҳои ҳавоии миёни Душанбеву Тошканд барқарор гардиданд. Соли 2018, баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев Тоҷикистону Узбекистон даҳҳо шартномаҳои ҳамкорӣ имзо карданд ва сарҳадҳоро ба рӯи мардуми ду кишвари ҳамсоя боз намуданд.