Пайвандони ҳарбиёни пешини Амрико -- Энди Ҳюни 27 ва Александр Друики 39-сола, ҳарду аз Алабама, рӯзи 15 июн гуфтанд, ки бори охир як ҳафта пеш бо ин ду нафар тамос доштаанд. Ба гуфтаи хешовандон, Ҳюн ва Друик пас аз ҷанг дар минтақае дар наздикии Харкив, ки бино ба гузоришҳо, аз зарбаҳои шадиди Русия осеб дидааст, барои иҷрои вазифа рафтанд ва барнагаштанд.
Кохи Сафед ИМА рӯзи 16 июн гуфт, ки талоши сахт дорад, аз сарнавишти ин ду шаҳрванди ИМА огаҳӣ ёбад ва Департаменти давлатии ИМА гузоришҳоеро таҳқиқ мекунад, ки бар пояи онҳо неруҳои Русия ё ҷудоихоҳони таҳти ҳимояти Русия ба камияш ду шаҳрванди Амрикоро дастгир кардаанд. Сухангӯи департаменти давлатӣ Нед Прайс ба хабарнигорон гуфт, ки "то имрӯз мо ин масъаларо бо Федератсияи Русия дар миён нагузоштаем." Вай афзуд, аломате аз русҳо нарасидааст, ки асорати ин ду нафарро нишон диҳад.
Прайс ҳамчунин гуфт, ки аз бенишон шудани як амрикоии дигар дар Украина низ хабар расидааст. "Ба фаҳмиши мо, ин шахс барои ширкат дар ҷанг ба Украина сафар карда", дар ҳафтаҳои охир нопадид шудааст, гуфт Прайс.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи 16 июн дар як барномаи телевизионӣ гуфт, Вошингтон дар робита ба Ҳюн ва Друк бо Маскав тамос нагирифтааст.
Агар Ҳюн ва Друк дастгир шуда бошанд, онҳо аввалин шаҳрвандони ИМА хоҳанд буд, ки дар ҷараёни ҳамлаи бебаҳонаи Русия ба Украина, ки рӯзи 24 феврал оғоз ёфт, асир афтодаанд.
Сухангӯи амнияти миллии Кохи Сафед Ҷон Кирбӣ гуфт, агар ин гузоришҳо тасдиқ шаванд, Вашингтон "ҳар кори дар тавонаш бударо мекунад" то ин ду мардро бозпас гирад. Наздикони ин ду нафар гуфтаанд, бесаброна гӯш ба занги хабар аз ҳоли онҳоянд. Холаи Друк, Диана Вилямс гуфт, ки ин ду нафар метавонанд ба истифодаи таҷрибаи худ дар артиши ИМА аз дасти душман фирор кунанд. Вай афзуд, Друке дар ду сафари ҷангии худ ба Ироқ омӯзиш ва таҷрибаи густарда дида, Ҳюн дар неруҳои баҳрӣ хидмат кардааст. Пентагон тасдиқ кард, ки ин ду қаблан сарбозони артиши ИМА будаанд.
Ҳафтаи гузашта ду бритониёӣ -- Айден Аслин ва Шон Пиннер ва як шаҳрванди Марокаш Саъдун Броҳим аз ҷониби мақомоти минтақаи ҷудоиталаби таҳти ҳимояти Русия дар вилояти шарқии Донетски Украина ҳамчун "зархарид" ба қатл маҳкум шуданд. Ҳар се мегӯянд, дар ҳоле боздошт шудаанд, ки ҳамчун сарбозони артиши Украина зидди неруҳои Русия меҷангиданд. Бритониё, СММ, Украина ва Олмон ҳукми қатли ин афродро маҳкум карданд.
Аҳли хонадони Аслин гуфтанд, ки ӯ ва Пиннер дар Украина зиста, дар артиши он хидмат мекарданд ва бояд "ҳамчун низомиёни Украина асири ҳарбӣ дониста шуда, бо бархӯрди муносиб" рӯ ба рӯ бошанд. Падари Саъдун Броҳим рӯзи 13 июн гуфт, ки писараш шаҳрванди Украина аст ва бо ӯ бояд муносибати дурут сурат гирад.
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо рӯзи 16 июн ба Русия паём фиристод, ки аз қатли Саъдун пешгирӣ кунад. Русия "бояд кафолат диҳад, ки ҳукми қатл нисбати Саъдун иҷро нашавад", гуфт додгоҳ дар пайи дархости намояндаи Саъдун.