Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Ulaanbaatar Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 24-26-уми июн дар пойтахти Муғулистон – Уланбатор - баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
Ҳарсе паҳлавони тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то 73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (дар вазни то 90 кг) - дар сабқати мардон ширкат меварзанд.
Зимнан, Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, пас аз ду соли муолиҷа ба тамрин оғоз кардааст. Ба гуфтаи ӯ феълан таваҷҷӯҳаш ба мусобиқаҳои байналмилалист ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон номи вайро дар барнома ва нақшаҳои таҳиякардааш шомил намудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Ulaanbaatar Grand Slam 2022” иштироки 275 варзишгар (166 мард ва 109 зан) аз 29 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дарназар аст.
Рӯзи аввали мусобиқа – 24-уми июн - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувум – 25-уми июн - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 26-уми июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳониву олимпӣ мешаванд, инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.