Ҷо Байден дар пайи тармими робитаҳо бо Арабистони Саудӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раисиҷумҳури Амрико чанде пеш эълон кард, ки мумкин аст, ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ сафар кунад. Дар ин миён таваҷҷуҳ ба сафари ӯ ба Риёз зиёд аст, чун қаблан раҳбарони Арабистони Саудӣ ва бахусус Шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро сахт танқид мекард.