Як гуруҳ аз сокинони Қазоқистон, ки аз шаҳрдории Жанаозен ҷойи кор дар бахши нафту газро талаб доранд, рӯзи 13-уми июн дар назди бинои маъмурияти президенти ин кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.
Таҷаммуъгарон, ки аз 20 то 30 сол доранд, баъди мулоқот бо намояндагони маъмурияти президенти Қазоқистон бо сарнозири давлатии меҳнати он кишвар Тологен Оспанқулов ва масъули Вазорати меҳнат низ вохӯрданд.
Сокинони норозӣ ба намояндагони Вазорати меҳнати Қазоқистон гуфтанд, шаҳрдори Жанаозен Ойбек Косуаков ба муроҷиатҳои онҳо "аҳамияти ҷиддӣ" намедиҳад.
Ҳамчунин нақшаи шаҳрдорӣ дар бораи бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо номаълум аст. Ба гуфтаи сокинони Жанаозен, шаҳрдорӣ барои бо ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ бояд корхонаеро бунёд кунад.