"Инаш мегӯяд ҳа, ваяш – э бра гумша". ВИДЕО

Далер рӯзона то 20 сомонӣ кор мекунад.

12-уми июн Рӯзи байнулмилалии мубориза ба зидди кори кӯдакон дар ҷаҳон аст. Дар ин рӯз ба тақдири наврасоне таваҷҷуҳ мешавад, ки бори зиндагӣ шонаҳои кӯчаки онҳо уфтодааст ва онҳо маҷбуранд, ба ҷойи таҳсили хубу таътили тобистон аз пайи ризқу рӯзӣ шаванд. Тибқи иттилои расмӣ, то 30 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва аз ин шумора бештар аз 125 ҳазори онҳо кор мекунанд.

Далери 11-сола яке аз онҳост, ки ба ҷойи таътили тобистона ба бозор меравад, то кор кунаду хонаводаашро бо хӯрданиву пушиданӣ таъмин кунад. Ӯ аз субҳ дар бозор ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ машғул мешавад. Баъдан онро ба маконе мебарад, ки ба ивазаш маблағ медиҳанд. Ҳар рӯз аз 10 то 20 сомонӣ ба адст меорад.

"Вақте ба назди одамон меравам, баъзе зарфҳои ҷамъоварамро мехаранд, баъзе не. Боз одамоне ҳастанд, ки мегӯянд, "рав, аз назарам дафъ шав", -- нақл кард ӯ.

Далер мегӯяд, падараш дар Русия муҳоҷир асту тарбияи ӯ ва ду бародари дигараш ба дӯши модар аст. Кӯдакони зиёдеро дар кӯчаву бозорҳои Душанбе дучор шудан мумкин аст, ки ба монанди Далер машғули коре ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон истифода аз нерӯи кӯдаконро дар корҳои сиёҳ рад намекунанд, вале мегӯянд, кӯдакон бештар дар вақтҳои холӣ ва барои расонидани ёрӣ ба хонаводаҳо дар бахши хидматрасонӣ ва кишоварзӣ заҳмат мекашанд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар як маърузаи худ таъкид кардааст, ки “зиёда аз 80 дарсади кӯдаконе, ки кор мекунанд, дар бораи ҳуқуқи худ хабар надоранд”.

Чанд сол пеш Созмони Ҷаҳонии Кор дар як гузориши худ гуфта буд, дар Тоҷикистон 7 дарсад аз нерӯи кори кӯдак дар саҳро истифода мешавад, бахусус айёми пахтачинӣ. Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маориф ва илм мегӯяд, “қариб даҳ сол аст, бо супориши президент ба пахтачинӣ ва корҳои саҳроӣ ҷалб кардани кӯдакон манъ шудааст.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таътили тобистона ва ё мавсими кори кӯдакон

Мақомот мегӯянд, мавзӯи меҳнати кӯдакон ва решакан кардани шаклҳои он ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи идораҳои давлатӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва байнулмилалӣ қарор дорад.

Ба таъкиди Созмони Ҷаҳонии Кор як гурӯҳи нозуки аҳолӣ, ки дучори шаклҳои гуногуни истисмор, зӯроварӣ ва муносибати дурушт мешаванд, кӯдакони машғули кор дар кӯча ҳастанд. Ахиран Шивон Маллалли, гузоришгари СММ дар гузориши нави худ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ба кӯдакони “коргар”, аз ҷумла талбандаҳои хурдсол таваҷҷуҳи бештар диҳад, чун эҳтимоли истисмори онҳо вуҷуд дорад.