Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё тими Мянмарро шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ибтидои бозӣ ҳуҷуми футболбозони тоҷик бо гол анҷомид. Шервонӣ Мабатшоев тӯби ба сутуни дарвоза бархӯрдаро соҳиб шуд ва онро дар дақиқаи нӯҳум аз масофаи наздик ба ҳадаф расонд. Баъдан бозӣ бо ҳуҷуми тарафҳо гузашт, аммо ҳисоб тағйир наёфт.

Дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 55-ум, Манучеҳр Ҷалилов аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ голи дувумро зад. Бояд гуфт, ки пеш аз ин гол сардовари бозӣ Умар Иброҳим Ҳасан аз Баҳрайн дар дақиқаи 54-ум ба Сое Мое, бозигари мянмариҳо, ки муқобили рақибаш дар ҷаримагоҳ қоидаро вайрон кард, корти сурх нишон дод ва ӯ майдонро тарк намуд.

Баъди ду дақиқа голи севумро боз ҳам Шервонӣ Мабатшоев аз назди дарвоза бо зарбаи сар ба самар расонид. Голи чаҳорумро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 84-ум аз масофаи дур вориди дарвоза кард.

Ба ин тартиб, бозӣ бо ҳисоби 4:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба поён расид. Зимнан, ин ғалабаи чаҳоруми тими миллии Тоҷикистон бар мунтахаби Мянмар ба шумор меравад. Соли 2010 футболбозони тоҷик дар ду бозӣ муқобили Мянмар бо ҳисоби 3:0 ва 1:0, соли 2021 бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада буданд. Дар як бозӣ соли 2019 мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Сингапур 8-уми июн соати 20:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигари худ 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон - Қирғизистон - бозӣ хоҳад кард.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими миллии футболТоҷикистон, дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ муқобили мунтахаби Мянмар гуфт, ки вазифаи ягонаи даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтан аст. Зимнан, дар таърихи футболи тоҷик тими миллии Тоҷикистон ягон бор ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

8-уми июн (чоршанбе)

Тоҷикистон Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 55 – аз пеналти (2:0), Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)

Ҳайати ибтидоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон:
1. Рустам Ятимов
2. Зоир Ҷӯрабоев
5. Манучеҳр Сафаров
6. Ваҳдат Ҳаннонов
7. Парвизҷон Умарбоев
8. Амирбек Ҷӯрабоев
11. Муҳаммадҷон Раҳимов
15. Шервонӣ Мабатшоев
17. Эҳсони Панҷшанбе
19. Аҳтам Назаров (капитан)
21. Манучеҳр Ҷалилов

Сармураббӣ: Петр Сегерт (Хорватия)

Сардовар: Умар Иброҳим Ҳасан (Баҳрайн)

20:00 – Қирғизистон – Сингапур

Даври 2-юм

11-уми июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – Тоҷикистон

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.