Зеленский: "Барои бозпас гирифтани минтақаҳои ишғолшуда меҷангем"

Раисиҷумҳури Украина рӯзи 7-уми июн гуфт, Киев бунбаст дар ҷабҳаи ҷанг бо Русияро қабул надорад ва ҳадафаш бозпас гирифтани ҳама минтақаҳои ишғолшуда мебошад.

Владимир Зеленский дар як паёми видеоӣ ба нишасте, ки рӯзномаи "Financial Times" ташкил карда буд, гуфт, "мо талафоти зиёде додем ва наметавонем қаламрави худро ба ин осонӣ вогузор кунем. Мо бояд ҳамаи минтақаҳои ишғолшударо озод кунем".

Президенти Украина қаблан гуфта буд, ҳудуди 20 дарсад аз қаламрави ин кишвар дар шарқ ва ҷануб аз сӯи Русия ишғол шудааст. Ӯ дар бахши дигаре аз суханонаш афзуд, "мо нияти таҳқир кардани ҳеч касеро надорем. Мо вокуниши мутақобил нишон медиҳем".

Ишораи ӯ ба суханони ахири Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавиаш аст, ки гуфта буд, барои боз гузоштани роҳ барои тавофуқи дипломатӣ набояд Русияро "таҳқир" кард.

Зеленский айни замон ибрози умед кард, ки бо дарёфти системаҳои мушакии дурпарвоз аз Амрико ва Бритониё, битавонанд ҳамлаи Русия бахусус дар минтақаи Донбасро хунсо кунанд.

Ба гуфтаи Владимир Зеленский, Русия аз назари афрод ва таҷҳизот бартарӣ дорад ва артиши Украина барои муқобила бо Русия ба силоҳҳои вазнин ниёз дорад.

Раисиҷумҳури Украина таъкид кард, ки Русияро дар ҷабҳаи ҷанг шикаст медиҳанд, вале афзуд, ҳанӯз ҳозир аст ба таври мустақим бо Владимир Путин гуфтугӯ кунад. Ӯ ҳамзамон иддао кард, ки таҳримҳои Ғарб ба ҳадди кофӣ ба Русия зарба назадааст.

Ҳадафи аслии ҳамлаҳои Русия дар ҳафтаҳои ахир минтақаи Донбас будааст. Артиши Русия то ба ҳол тавонистааст, қисматҳои зиёде аз вилояти Луҳанскро дар ин минтақа тасарруф кунад ва ба ҳамлаҳои худ дар Донетск идома диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, гуфт, нерӯҳои ин кишвар бо ҳамлаҳои давомдор ва фиристодани нерӯҳои бештар тайи рӯзҳои ахир 97 дарсади қаламрави Луҳанскро тасарруф кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки пас аз тасарруфи комили Луҳанск ва Донетск, Русия ҳамлаҳои худро ба дигар минтақаҳои Украина густариш хоҳад дод ё на.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки агар кишварҳои ғарбӣ силоҳҳои дурпарвозро дар ихтиёри Украина қарор диҳанд, артиши Русия бо идомаи ҳамла дар дарунтари хоки Украина, нерӯҳои украиниро аз марзҳои худ дуртар хоҳад кард.