Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 имрӯз, 8-уми июн, муқобили тими миллии Мянмар баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз тими миллии Мянмар, 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон - Қирғизистон - бозӣ хоҳад кард.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.
Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар бозӣ кардааст. Вай афзуд, “дар гурӯҳи мо ҳарифони шинос ҷамъ шудаанд. Бозиҳои интихобӣ барои ҳар як даста осон нахоҳад буд. Мо ҳамаи рақибонамонро эҳтиром мекунем ва ба бозиҳои интихобӣ хуб омодагӣ гирифтаем. Ман ба дастаамон бовар дорам. Вазифаи мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтан аст. Мутмаинам, ки мо метавонем бори аввал дар таърихи футболи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё мушарраф шавем.”
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мақтаарал», Қизоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ: Петр Сегрт (Хорватия).
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F»
Даври 1-ум
8-уми июн (чоршанбе)
15:30 – Тоҷикистон – Мянмар
20:00 – Қирғизистон – Сингапур
Даври 2-юм
11-уми июн (шанбе)
15:30 – Сингапур – Тоҷикистон
20:00 – Мянмар – Қирғизистон
Даври 3-юм
14-уми июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.