Талаби ташхиси коронавирус ва шаҳодатномаи ваксина ҳангоми убури марзи Қазоқистон бекор мешавад. Дар ин бора аз Кумисюни пешгирӣ аз паҳншавии вабо дар Қазоқистон хабар доданд.
"Аз 8-уми июни соли ҷорӣ талаби ҳатмии шаҳодатномаи ваксинаи зидди коронавирус ва ё ташхиси надоштани вабои коронавирус ҳангоми вуруди марзи Қазоқистон бекор карда шавад", - омадааст дар хабари Кумисюн, ки 7-уми июн нашр шуд.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон фаъолияти 12 гузаргоҳи марзиро дубора ба роҳ мемонад, ки пештар баста шуда буданд.