Муҳлати ҳабси раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тамдид шуд

Карим Масимов.

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов, ки дар боздошти пешакӣ қарор дорад, то 6 июл дар ҳабс мемонад.

Карим Масимов, ки "одами наздик"-и президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дониста мешуд, рӯзи 5 январи соли 2022 аз раҳбарии Кумитаи амнияти миллӣ барканор шуд.

Рӯзи 8 январ ӯро бо гумони "хиёнат ба давлат" боздошт карданд. Рӯзи 13 январ Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки нисбати Масимов "аз рӯи далелҳои ғасби худсаронаи қудрат" парванда боз шудааст.