Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сар задааст

Акс аз бойгонист.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ҷараёни даргирӣ дар марзи ноороми кишвар бо Тоҷикистон ду марзбони қирғиз ҷароҳат бардоштаанд ва вазъи яке аз онҳо вазнин аст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 3-уми июн хабар дод, ки моҷаро ва тирандозӣ баъди он сар задааст, ки гӯё сарҳадбонони тоҷик ғайриқонунӣ ба ноҳияи Булоқбошӣ дар вилояти Ботканд ворид шуданд.

Сокинони ҷамоати Ворух имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ дар мавзеъи сарҳадии “Кех» дар ноҳияи Исфара ва Булоқбошӣ миёни сарҳадбонони ду тараф тирандозӣ сар задааст. Ҳарчанд Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки касе аз сарҳадбонони кишвар осеб надидаанд, вале дертар вазорати тандурустии Қирғизистон аз қавли яке аз мақомоти маҳаллии Ботканд хабар дод, ки ду марзбон захмӣ шуданд ва аҳволи яке аз онҳо бад аст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаи мазкур дар ин гушаи баҳсбарангези марзро шарҳ надодаанд ва аз ҷумла мақомоти марзбонӣ дар Исфара ва маъмурияти ҷамоати “Ворух” ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Ин минтақаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳсолаҳо боз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст, борҳо саҳнаи муноқишаҳои сахт ва хунрезӣ байни сокинону марзбони ду тараф будааст.

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад. Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.