Амрико мегӯяд, ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон ҳануз ҳам помол мешавад

Акс аз бойгонист.

Акс аз бойгонист.

Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри гузориши солона дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистонро ҳамчунон дар радифи кишварҳои мояи нигаронии хос нигаҳ доштааст. Дар радифи кишварҳое, ки ба гуфтаи Амрико ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро помол ва ё маҳдуд мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гуфтанд, “гузориши навбатии Амрико чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад.”

Дар гузориши солона дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2021, ки рӯзи 2-уми июл нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ки ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русумҳои онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд. Аз ҷумла бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ибодат бояд дар ҷойҳои махсус ва ё масҷид сурат бигирад ва наврасону навҷавонони то 18-сола ҳақ надоранд, ба масҷид бираванд. Тоҷикистон соли 2019 қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" – ро қабул кард, ки бар асоси он наврасон ҳақ надорад, то замони расидан ба балоғат барои ибодат ва таълими динӣ гирифтан ба масҷид бираванд.

Дар гузориши солонаи Амрико дар бораи беэътиноӣ ба ҳуқуқи пайравони мазҳабҳои дигар, аз ҷумла масеҳиёни пайрави Шоҳидони Яҳуво ҳам сухан меравад, ки ба гуфтаи муаллифони гузориш соли 2021 низ ҳамчунон аз тарафи мақомоти Тоҷикистон боздошт ва ё ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд.

Аз ҷумла сарнавишти Рустамҷон Норов, яке аз пайравони Шоҳидони Яҳуворо мисол овардаанд, ки моҳи январи соли 2021 барои сарпечӣ аз хидмати ҳатмӣ дар сафи артиши Тоҷикистон ба севуним соли зиндон маҳкум шуд. Бар асоси эътиқоди пайравони ин мазҳаб, онҳо набояд дар артиш хидмат кунанд. Шоҳидони Яҳуво соли гузашта ҳам саъй кардаанд, ки созмони худро дар Тоҷикистон сабти ном кунанд, аммо ба гуфтаи муаллифони гузориш, мақомот баъзе аз пайравони гуруҳ озору азият додаанд.

Дар гузориш доир ба озодиҳои мазҳабӣ омадааст, мақомоти Тоҷикистон соли 2021 ҳамчунон намегузоштанд, ки афрод ба сафи созмонҳои диние, ки ифротӣ ва террористӣ мешуморанд, бипайванданд ва Ихвонулмуслимин ва равияи Салафияро ном бурдаанд.

Моҳи апрели соли 2021 Додгоҳи Олии Тоҷикистон 119 нафарро бо гуноҳи узвият дар созмони Ихвонулмуслимин, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълон шудааст, ба зиндон маҳкум кард. Дар маҷмуъ соли 2021 дар кишвар 339 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои тундрав дастгир шудаанд.

Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи озодиҳои мазҳабӣ ҳамчунин омадааст, ки қарор буд, Гузоришгари хоси Созмони Милал дар бораи озодии эътиқод ва дин ба Тоҷикистон сафар мекард, аммо ба далелҳои номаълум ин сафар сурат нагирифтааст ва ҳарду тараф ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора гуфтаанд, ки ончӣ, ки муаллифони гузориши солонаи Амрико менависанд, воқеиятро инъикос намекунад. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим рӯзи 3-уми июл дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт: “Гузориши навбатии Департаменти давлатии ИМА оид ба озодиҳои динӣ чун гузоришҳои қаблӣ вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро баён намекунад. Зоҳиран гузоришгарон барои хулосаҳои худ воситаҳои ахбори оммаи ғайрирасмиро сарчашма қарор додаанд ва чунин сарчашмаҳо дар аксар маврид масъалаҳоро дурусту дақиқ инъикос намекунанд. Масалан, дар гузориш ишора мешавад, ки шумораи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби узвият ба ҷараёнҳои ифротӣ боздошт шудаанд. Магар ин кор нақзи озодиҳои динию мазҳабист? Яъне дар гузориши навбатӣ ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шудани пайравони ташкилотҳои дар Тоҷикистон экстремистию террористӣ эътирофшуда низ ҳамчун “маҳдудияти динӣ” арзёбӣ шудааст, ки аслан қобили қабул нест. “

Афшин Муқим афзуд, мақомоти Тоҷикистон имсол ҳам муколама бо намояндагони Амрико дар бораи ҳуқуқи озодиҳои мазҳабиро идома додаанд ва аз онҳо хостанд, ки худашон омада бо вазъ дар Тоҷикистон ошно шаванд.

Афшин Муқим навиштааст: “Моҳи марти соли равон мулоқоти онлайнии раиси кумита Сулаймон Давлатзода бо сафир оид ба супоришҳои махсуси Идораи озодии байналмилалии дини котиботи давлатии Амрико Рашид Ҳусайн баргузор гардид. Раиси кумита даъват намуданд, ки барои арзёбии дурусти вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон сафари гузоришгарон ба кишвари мо ба мақсад мувофиқ аст. Гузашта аз ин, мо беш аз ду сол мешавад, ки гузоришгари вижаи СММ оид ба озодиҳои диниро ба Тоҷикистон даъват кардаем. Аммо ҳоло ин сафар иттифоқ наафтодааст.»

Дар гузориши солонаи Амрико ҳам омадааст, ки намояндагони ин кишвар дар мулоқотҳо бо мақомоти Тоҷикистон масоили эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои диниро матраҳ кардаанд. Дар гузориш гуфта шудааст: «Дар ҷараёни муколамаи 8-уми солонаи Амрико ва Тоҷикистон дар Вашингтон дар рӯзи 1-уми июл мақомоти ду кишвар роҳҳои ривоҷ додани озодиҳои мазҳабиро баррасӣ карданд. Мақомоти Амрико хостанд, маҳдудиятҳои нашри адабиёти динӣ сабук карда шавад, ба кӯдакон иҷоза диҳанд, дар маросимҳои динӣ ширкат кунанд, гуруҳҳои ақаллиятҳои миллиро сабти ном кунанд, ба мусулмононе, ки мехоҳанд, ришу ҳиҷоб дошта бошанд, ин иҷозаро бидиҳанд. Онҳо ҳамчунин хостанд, Шамил Ҳакимов ва Рустамҷон Норов пайравони Шоҳидони Яҳуво аз зиндон озод карда шаванд.”

Дар Тоҷикистон, ки 90 дар сади аҳолиаш мусулмон ҳастанд, аксарият мазҳаби Ҳанафиро пайравӣ мекунанд, 4 дар сад исмоилӣ ҳастанд. Масеҳиёни ортодокс, баптистҳо, католикҳои романӣ, ҷамоаи бисёр хурди яҳудиён ва баҳоӣ низ зиндагӣ мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир на танҳо барои помол кардани ҳуқуқи мазҳабӣ, балки дигар ҳуқуқи сиёсиву мадании мардум аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқ . созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои танқид мешавад.