Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) имрӯз, 3-юми июн, дар шаҳри Тошканд нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” бо тими Арабистони Саудӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд соати 20:00 шуруъ мешавад.
Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), дар нишасти хабарӣ, ки 2-юми июн дар пойтахти Узбекистон доир гардид, гуфт, «мо дар Ҷоми Осиё-2022 ба пурқувваттарин гурӯҳ дохил шудаем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Имороти Муттаҳидаи Араб - ин дастаҳо ба муаррифӣ ниёз надоранд. Ҳар як даста кӯшиш мекунад, ки вазифаи худро иҷро намояд. Мушкили аслии дастаи мо талафоти кадрӣ, яъне нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки ҳоло дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор доранд ва ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд. Бо вуҷуди набудани як қатор бозигарон кӯшиш мекунем, ки дар қисми ниҳоии чемпионати Осиё дар Узбекистон бозии хуб нишон дода, мухлисонро бо натиҷаи хуб шод гардонем.”
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Тошканд то 19-уми июн идома хоҳад кард, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) рақобат мекунад.
Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар – шомил аст.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Оятулло Сафаров («Файзканд»);
Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ: Аслиддин Ҳабибуллоев.
Дар рӯзи аввали Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар Тошканд бозиҳо дар гурӯҳҳои дигар бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:
Эрон (U23) - Қатар (U23) - 1:1
Австралия (U23) - Кувайт (U23) - 2:0
Узбекистон (U23) - Туркманистон (U23) - 1:0
Урдун (U23) - Ироқ (U23) - 1:1