Роман Абрамович "Челси"-ро фурӯхт

Соҳибкор Роман Абрамович барои қаробаташ ба президенти Русия Владимир Путин мавриди таҳримҳои ғарб қарор гирифтааст

Бошгоҳи футболи “Челси”-ро, ки моликаш олигархи рус Роман Абрамович буд, ба консорсиуми Тодд Бёли дар Лос-Анҷелес фурӯхтаанд.

Абрамович барои наздикиаш ба президенти Русия Владимир Путин, ки ҷанги беасосро зидди Украина шуруъ кард, таҳрим шуд.

3 миллиарду 200 миллион доллар фоида аз фурӯши “Челси”, ки гаронтарин дар таърихи хариду фурӯшҳои тимҳои варзишӣ будааст, ба хайрия сарф мешавад.