Сафари гуштигирони тоҷик ба Қазоқистон

Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии гуштии юнонию румӣ, гуштии озод ва гуштии занона ба хотираи мураббии маъруфи қазоқ Болат Турлихонов, ки рӯзҳои 2-5-уми июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, дар Ҷоми Болат Турлихонов иштироки ҳудуди 300 варзишгар аз 15 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар (5 нафар оид ба гуштии юнонию румӣ ва 4 нафар оид ба гуштии озод) муаррифӣ хоҳанд кард:


Гуштии юнонию румӣ


1. Асламҷон Азизов (55 кг)
2. Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг)
3. Шероз Очилов (72 кг)
4. Ҳабибҷон Зуҳуров (77 кг)
5. Суҳроб Абдулҳаев (82 кг)

Гуштии озод


1. Шамсиддин Ибодов (61 кг)
2. Комрон Холов (65 кг)
3. Муборакшо Қурбонбеков (70 кг)
4. Файз Файззода (97 кг)

Ҷадвали мусобиқа:

2-юми июн

Гуштии юнонию румӣ: 55, 60, 63, 67, 87, 97 ва 130 кг

3-юми июн

Гуштии юнонию румӣ: 72, 77, 82 кг

Гуштии занона: 57, 62, 68, 76 кг

4-уми июн

Гуштии занона: 50, 53, 55, 59, 65 ва 72 кг

Гуштии озод: 97, 125 кг

5-уми июн

Гуштии озод: 57, 61, 65, 70, 74, 79, 86 ва 92 кг

Оғози мусобиқа ҳаррӯз - соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 11:30 ба вақти Душанбе).