Имсол аз таваллуди Абдуқодир Муҳиддинов 130 сол ва 1-уми июн аз замони маргаш 88 сол сипарӣ мешавад. Ӯ кӣ буд?
Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор
ҶАДИД
Абдуқодир Муҳиддинов ба монанди падараш Муҳиддин Мансуров ҳамчун ҷадид вориди сиёсат шуд. Ӯ тарафдори ҳаракати равшанфикрон (олимон)-и Бухоро дар нимаи дувуми асри 19 ва ибтидои асри 20 буда, ба ибораи олими бухороӣ (тоҷик), нависанда, маорифпарвар, файласуф, мутафаккир, шоир, арбоби давлатӣ Аҳмади Дониш (1827-1897), аз "таназзули мафҳуми воқеии Ислом, ки дар Мовароуннаҳр паҳн шудааст" норозӣ буд.
Донишро метавон илҳомбахши ақидавӣ ва устоди на танҳо Абдуқодир Муҳиддинов, балки Садриддин Айнӣ, Абдуррауф Фитрат, намояндагони рӯҳониёни озодихоҳ ба раҳбарии Муҳаммад Икром ибни Абдусалом (Мулло Икромча) ва ҷадидони дигари «мавҷи аввал» шумурд. Онҳо сарнагун шудани шоҳигариро бо хушбинӣ пазируфтанд.
Мансуров ва писаронаш аз моҳи феврал то моҳи октябри соли 1917 ба ҷойи истибдоди асримиёнагии шарқӣ тавассути монархияи намунаи аврупоӣ, роҳандозии волоияти қонун, тақвияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии Бухороро пешниҳод карданд. Яъне, сухан на дар бораи низоми коммунизм ё ҷумҳурии миллӣ, балки дар бораи ҳифзи Бухорои наву ислоҳшудаи мусалмонӣ ва мустақил ба раҳбарии амири одил мерафт.
Шиорҳои «Зинда бод амири Бухоро!», «Озодӣ, адолат, баробарӣ!» ва таронаи «Марши Ҳуррият»-и Айнӣ бо оҳанги «Ла Марсельез» 8-уми апрели соли 1917 дар кӯчаҳои Бухоро замоне садо доданд, ки амир дар манифести худ ба тартиб даровардани андозҳо, ташкили маҷлиси шаҳрии Бухоро, ислоҳот дар низоми маорифу тандурустӣ ва ғайраро ваъда дод.
Ин ва муқаррароти дигари ислоҳот аз барномаи ҷадидон – ҷавонбухориён гирифта шуда буд. Худи амири Бухоро Саид Олимхон дар ин марҳила ба ҳамкорӣ бо ҷадидон майл дошт, аммо ҳамзамон дудила буд. Ӯ дарк мекард, ки дар Бухоро ба монанди Туркия чизеро бояд тағйир дод, аммо аз хашму ғазаби муллоҳо – иртиҷоъпарастон, ки аксарияти атрофиёнашро ташкил медоданд, дар ҳарос буд.
Албатта, дар миёни ҷадидиҳо шумори ками инқилобчиёни «чапгаро» буданд, вале онҳо ҷуръат намекарданд, ки ба «ростгароҳо» — Мансуров ва писаронаш – ошкоро зид бароянд. «Чапгароҳо» танҳо баъд аз Инқилоби октябри соли 1917 ҷуръат пайдо карда, бо болшевикҳои руси Тошканд ҳампаймон шуданд.
ДАР РАЁСАТИ "РУМИ МУСУЛМОНҲО"
Пас аз сарнагун шудани режими амир, рӯзи 2-юми сентябри соли 1920, Кумитаи муваққатии инқилобӣ ба раҳбарии Абдуқодир Муҳиддинови 28-сола Бухороро Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) эълон кард.
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухороро бо Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1918-1924) дар як қатор ҷой дода, дар бештар маврид ҳамчун ҷузъи воқеии Русияи Шӯравӣ муаррифӣ мекарданд. Ба ин аҳамият намедоданд, ки дувумӣ мустамлика, ҷузъи ҷудонашавандаи Русия буда, аввалӣ мустақил аст ва танҳо дар асоси “Созишномаи ҳампаймонӣ дар бораи дӯстӣ ва мадад ба ҳамдигар миёни ҶХШБ ва РСФСР (Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия)” аз 4-уми марти соли 1921, ки зери он имзои Муҳиддинов буд, бо Русия робита дошт.
Афғонистон ва Туркия дар арсаи байнулмилалӣ ҳамчун кафили истиқлоли Бухоро баромад мекарданд. Амири Афғонистон Амонулло ҳанӯз дар соли 1919 шарти муҳим гузошта буд, ки дар сурати эътирофи “истиқлоли Бухорои бародар ва ҳамбовар” бо Русия дӯстӣ хоҳад кард. Мавқеи ӯ ҳатто пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 тағйир наёфт.
Тарафҳо бар асоси банди 8-и “Созиши дӯстӣ миёни Афғонистон ва РСФСР” аз 28-уми феврали соли 1921 ба “истиқлолу озодии Бухоро ва Хева ва шакли идоракунии онҳо тибқи хостаи мардумонашон" розӣ шуданд. Маҷлиси бузурги миллии Туркия ва Афғонистон дар банди дувуми созишномаи ду кишвар, ки 1-уми марти соли 1921 дар шаҳри Маскав имзо шуд, тасдиқ карданд, ки "миллатҳои Шарқ ба озодии комил ҳақ доранд ва ҳар яке аз онҳо дар интихоби низоми давлатдорӣ озоданд."
Муҳиддинов ҳамчун раҳбари давлат ҷонибдори сиёсати фаъол ва мустақили хориҷӣ буд. Бухороиҳо дар охири соли 1921 ҳайати вакилонеро ба Анкара фиристода, пешниҳод карданд, ки муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шавад. Ҳайати сенафариро, ки ба он яке аз аввалин дипломатҳои тоҷик Раҷаб Муҳаммадиев* шомил буд, Мустафо Камол дар сатҳи баланди дипломатӣ пазируфт.
Мустафо Камол дархости бухороиёнро пазируфт ва Ғолиб Пошоро дарҳол сафири Туркия дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таъин кард.
Дар ҳамин ҳол, тирамоҳи соли 1921, дар Бухоро саркардаи дигари турк — Анвар Пошо вориди саҳна шуд. Вай орзу дошт, қасоси шикастро дар Туркия бигирад ва шуҳрату маҳбубияти пешвои мусулмононро, ки ба бовари вай, Мустафо Камол гирифтааст, пас бигардонад.
Фиристодани Ғолиб Пошо бо пайвастани Анвар Пошо ба босмачиён ва шӯриш дар Бухорои Шарқӣ дар зимистони солҳои 1921-1922 рост омад. Мансабдорони рус бо истифода аз ин баҳона ҳайати вакилонро дар Батум нагузоштанд, аз сарҳад гузаранд. Ба гуфтаи таърихнигори турк, Аҳат Андиҷон, Маскав дар асл мухолифи барпо шудани равобити дипломатӣ миёни Туркия ва Бухоро буд.
Абдуқодир Муҳиддинов барпо кардани муносибатҳои дипломатиро бо Афғонистон як қадами муҳими дигар барои эътирофи соҳибихтиёрии Бухоро медонист. Вай пинҳонӣ аз намояндагони Русия омода кардани созишномаи шарикии Бухоро ва Афғонистонро оғоз кард. Бухоро дар ибтидои соли 1922 Абдураҳим, аввалин сафири ҶХСБ-ро дар Афғонистон ба Кобул фиристод, ки дертар дар моҳи апрели соли 1922 ӯро Ҳошим Шоиқ (амаки шоир Пайрав Сулаймонӣ) иваз кард.
Тахминан дар ҳамин давра сафири Афғонистон низ дар Бухоро фаъолияти худро оғоз кард. Муносибатҳо миёни ҳукумати русгарои ҶХШБ ва Афғонистон баҳори соли 1922 дар робита ба шӯришҳои зиддишӯравии зери роҳнамоии Анвар Пошо сард гаштанд. Сафири Афғонистон дар Бухоро низ фавран ронда шуд.
Шоиқ сиёсати Русияро маҳкум ва онро ба ҷангандозӣ дар Бухорои Шарқӣ гунаҳкор кард. Ӯ дар аввалҳои моҳи июни соли 1923 (тибқи маълумоти дигар, дар охирҳои соли 1922) ҳамроҳи кормандони сафорати Бухоро дар Кобул истеъфо дода, дар Афғонистон, ки онҷо бо ашрофзодаҳо хешӣ пайдо карда, аз иззату эҳтироми бузург бархурдор буд, монд.
Муҳиддинов ба ҷуз аз он ки то ҳадди имкон сиёсати мустақили хориҷиро пеш гирифта буд, дар кори дохилӣ ба барномаи муътадили сиёсии ҷавонбухороиён (ҷадидиҳо)-и ҳизби падараш такя карда, ба кӯшишҳои “амиқтар шудани инқилоб” ва дахолати Русияи Шӯравӣ ба умури Бухоро истодагарӣ мекард. Дар баробари ин, ӯ барои чанд муддате тавонист, коммунистони Бухоро ва кумитаи марказии онҳоро низ дар зери назорати худ нигаҳ дорад.
Дар ҳақиқат, коммунистони Бухоро чандон муқобилият нишон надода, дар бештар маврид роҳи пешгирифтаи Муҳиддиновро қабул доштанд. Русияи Шӯравӣ дарк кард, ки Бухоро ба фарқ аз Туркистон ҳеч гоҳ мустамликаи он набуд ва дар миёни кишварҳои Шарқ шуҳрати бузурге дорад. Яке аз ходимони Шӯравӣ онро ҳатто “Руми мусулмонҳо” низ номидааст. Русияи Шӯравӣ ва намояндагони он пинҳон ба ҳукумати шоҳӣ лаънат мефиристоданд, ки 50 сол пеш аз вокуниши Англия тарсида, Бухороро ба ҳайати Русия ҳамроҳ накард ва имрӯз онҳо барои тасарруфи Бухоро нерӯ ва манбаъҳои зиёд сарф менамоянд.
Нарасидани нерӯ барои ишғоли ҳарбӣ, гуруснагӣ ва сустӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1920 Русияро водор кард, бо раҳбарияти аслии Бухоро тавассути “ҳукумати тоҷирон” созиш кунад. Одамон аз оилаҳои ашрофзода, қишри таҳсилдида ва буржуазии бузурги Бухоро ҳамчун намояндагони расмии сокинони маҳаллӣ дар ҳокимият ва коргузорони босалоҳияте лозим буданд, ки тавонанд аз уҳдаи иҷрои корҳои амалӣ таҳти сарпарастии раҳбарияти зираки рус бароянд.
Болшевикон бо "ҷонибдорон"-и бухороии худ муносибати нобоварона дошта, хоҳишу рағбаташонро барои нишон додани худ ҳамчун ходими ҷиддии давлатӣ ба тамасхур мекашиданд ва онҳоро "либералҳои буржуазӣ", "замонасоз", "безоркунанда" ва ҳатто "нобакор" номида, таҳдид ба паррондан мекарданд. Бухороиҳо дар навбати худ, бахусус дар ду соли аввали мавҷудияти ҶХШБ истиқлол ва соҳибихтиёриро қадрдонӣ мекарданд. Барояшон бозидани нақши иҷрокунандагони итоаткори хостаҳои раҳбарияти болшевикӣ чандон писанд набуд.
Онҳо ба кӯшишҳои шомил кардани русҳо, тоторҳои рус ва туркистониҳо ба ҳайати ҳукумат муқобил баромаданд. Бо либосҳои на аврупоӣ, балки бо ҷомаҳои гаронбаҳои бухороӣ акс гирифтан ва дар пеши мардум ҳозир шуданро авлотар мешумурданд. Бухоро метавонист, дилпурона ба пойҳои худ рост биистад ва тавре баъзеҳо фикр мекарданд, “як бори зиёдатӣ дар гардан”-и Русия набуд. Он аз ҳисоби хариду фурӯши қарокул ва пахта даромадҳое дошт. Ҳамчунин тилоҳое аз амир монда буданд. Дар онҷо мудирони ботаҷриба, савдогарон, мутахассисони корҳои молиявӣ ва сиёсатшиносон буданд.
Дар ҳоле ки Русия банди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1917-1920 буд, кишоварзони тоҷик ва узбеки Бухоро дар саҳро гандуму пахта кошта, дар чарогоҳҳо чорводорӣ мекарданд ва пас аз инқилоби соли 1920 зуд ба русиягиҳои гурусна маҳсулот фиристоданд. Бахусус, онҳое, ки гандуми зиёдатӣ доштанд.
Бухороиён дар соҳаи маориф низ талош мекарданд, ки мустақил бошанд. Ҳукумати Бухоро бо ташаббуси Фитрат ва таҳти раҳбарии ходими фарҳангии тоҷик Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) соли 1922 ҷавононро барои таҳсил ба Олмон ва Туркия фиристод. Писарону духтаронро на танҳо дар Бухоро, балки дар Туркистон ҳам интихоб мекарданд. Тақрибан 100 донишҷӯ аз ҳисоби тиллоҳои Бухоро, ки барои нигоҳдорӣ дар «Рейхсбонк» гузошта шуда буданд, стипендия мегирифтанд. Ҷавонон таҳсил мекарданд, ба масҷидҳои Истанбул мерафтанд, иттиҳодияҳои қонунии донишҷӯёнро ташкил мекарданд, дар ҳоле ки дар ватанашон диндорон таъқибу ибодатхонаҳо тахриб мешуданд.
Ҷавонони Осиёи Миёна дар Олмон соддалавҳона бовар мекарданд, ки ватани онҳо як ҷузъи мустақилу пешрафтаи низоми Шӯравӣ хоҳад шуд ва ояндаи кишварашонро маҳз онҳо муайян мекунанд. Ин вазъ то соли 1924, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатдории Бухоро хотима гузошт, идома кард. Бухоро дар моҳи сентябри соли 1924 ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Бухоро табдили ном кард. Аммо моҳе нагузашта бо шомил шудан ба ҳайати ҷумҳуриҳои навтаъсиси сотсиалистии Шӯравии Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон аз байн рафт.
Олмон соли 1930 зери фишори Маскав ҳисобҳои бухороиҳоро баста, додани пулро ба донишҷӯён қатъ кард. Аз ҳамаи донишҷӯён даъват карда шуд, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргарданд. Тақрибан ҳамаи бухороиҳо аз баргашт худдорӣ карданд ва онҳое ки баргаштанд, таҳти таъқибу бозпурсӣ ва “поккорӣ” қарор гирифта, бархеашонро зиндонӣ ва бархеи дигарро парронданд.
Қисми дувум рӯзи 1-уми июн нашр хоҳад шуд.