Шӯрои Амният: "Толибон" ва "Ал-Қоида" робитаи наздик доранд

Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари "Ал-Қоида" ва Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари "Толибон"

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ дар мавриди Афғонистон гуфтааст, "Толибон" ва "Ал-Қоида" робитаи наздик доранд.

Дар гузориш омадааст, замоне ки охирин нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон рафтанд, "Ал-Қоида" пирӯзӣ ва пойдории "Толибон"-ро таҷлил кардааст.

Гузориш меафзояд, "Ал-Қоида" аз пешрафте, ки дар 20 соли гузашта дар Афғонистон дошт, "розӣ аст" ва акнун ба дунболи роҳҳое барои ҳифзи ҳузури худ ва эҷоди паноҳгоҳҳои амн барои туфангдоронаш аст.

Толибон ин гузоришро рад мекунанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон, рӯзи 29-уми май ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "аморати исломӣ ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кадом кишвар истифода кунанд. Ин гуна иддаоҳо, ки мо ҳам шунидем, воқеият надоранд. Дар ин маврид кадом санаду далеле ҳам нест."

Аммо Шӯрои Амнияти Созмони Милал мегӯяд, дар моҳи августи 2021 расонаҳои байнулмилалӣ гузориш доданд, ки ҳамоҳангкунандаи пешини амнияти Усома бин Лодин ба дидани Гулбиддин Ҳикмтёр, аз раҳбарони ҷиҳодии пешин, рафта буд.

Радиои Озодӣ талош кард, дидгоҳи наздикони Ҳикматёрро дар ин маврид бигирад, вале ҳеч яке аз онҳо дастрас набуданд.

Дар гузориш ин ҳам навишта шуда, ки баъзе аз аъзои дигари "Ал-Қоида" ҳамин ҳоло дар минтақаи дипломатии Кобул зиндагӣ мекунанд ва дар нишастҳои Вазорати корҳои хориҷии Толибон ба бисёр осонӣ дастрасӣ доранд. Ҳамзамон муаллифон гуфтаанд, ин маълумотро гуруҳи таҳқиқӣ тасдиқ карда наметавонад.

Дар гузориши Шӯрои Амнияти СММ ба ҳузури гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳам ишора шудааст. Муаллифон навиштаанд, шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз моҳи августи соли 2021 ба ин тараф фаъолиятҳои худро дар Афғонистон бештар кард.

Дар гузориш ҳамчунон гуфта шуда, ки пас аз шикастани дарвозаи зиндонҳо аз тарафи Толибон дар соли 2021, ДОИШ тавонистааст, афроди зиёдеро ба сафи худ ҷалб кунад.

Дар гузориши Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди раҳбарии Толибон, сохтори иқтисодӣ ва ҳукуматӣ ҳам ишора шудааст. Дар гузориш навиштаанд, гуруҳҳои мухталифи Толибон зери раҳбарии Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ба манфиати худ кор мекунанду "Гуруҳи Ҳаққонӣ" аз ҳамаашон "таъсигузортару муваффақтар аст".

Дар гузориши 27-саҳифаӣ Шӯрои амнияти СММ дар мавриди тақсими қудрат миёни Толибон навиштаанд, ин гуруҳ 41 узви худро, ки номҳояшон дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милал аст, дар ҳукумат ва мансабҳои калидӣ ҷой кардааст. Ба асоси ин гузориш, ин афрод на бар пояи шоистагӣ, балки ба асоси вафодорӣ ё садоқат ба гуруҳи Толибон ба ин мансабҳо расидаанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле аз фаъолиятҳои "Ал-Қоида" ва ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ мекунад, ки мавҷи ноамнӣ ва таркишҳо дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон шиддат ёфтааст. Баъзе аз хабаргузориҳо аз кушта шудани 21 тифл ва захмӣ шудани 28 каси дигар дар як ҳафтаи охир дар Афғонистон иттилоъ доданд.