Дар як мактаби Амрико 19 кӯдакро куштанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шумораи қурбониёни тирандозӣ дар яке аз мактабҳои ибтидоӣ дар иёлати Техаси Амрико ба 21 нафар расид, ки 19 нафари онҳо мактабхон ҳастанд. Грег Эббот, ҳокими иёлати Техас, гуфт, як ҷавони 18-сола дар мактаби ибтидоӣ тирандозӣ кард ва чандин кӯдак ва муаллимро кушт ва шумореро низ захмӣ намуд.