Қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) доир гардид.
Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 14-ум то 18-уми сентябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷавонони Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ меёбанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола:
Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Молдив, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бутан.
Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи «D»: Урдун (мизбон), Тайбэйи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гурӯҳи «F»: Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Умон (мизбон), Филиппин, Афғонистон.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувайт.
Гурӯҳи «I»: Тоҷикистон (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Қирғизистон, (мизбон), Бруней.
Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо тимҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 5-ум то 9-уми октябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи наврасони Ҷоми Осиё-2023, ки аз 3-юм то 20-уми майи соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ пайдо мекунанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола:
Гурӯҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, Имороти Муттаҳидаи Араб.
Гурӯҳи «С»: Умон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.
Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Молдив, Кувайт.
Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайбэйи Чин, Непал.
Гурӯҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ
Гурӯҳи «Н»: Тоҷикистон (мизбон), Афғонистон, Тимори Шимолӣ, Муғулистон.
Гурӯҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.
Гурӯҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Узбекистон (мизбон), Шри-Ланка.