Ин вазъ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба зидди Маскав пеш омад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки бо нархи маҳсулот дар бозор розиянд ва оё захирае доранд ё не.
"Бачаҳо дар Русия кор мекунанд, мо инҷо зиндагиро пеш мебарем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон боло рафтани нархи маҳсулот, ки аксари онҳоро аз хориҷа меоранд, гапи нав нест. Ҳоло бисёриҳо аз эҳтимоли камёфт шудани маҳсулоту набудани захираи кофӣ метарсанд.