Алиҷон Сафаров, яке аз зодаҳои Тоҷикистон аст, ки ахиран хабари маргаш дар Украина расонаӣ шуд. Ӯ 25 сол дошт ва дар артиши Русия хидмат мекард.
Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.
Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз иттилое нест. Аммо дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.
Хадамоти истихборотии Украина моҳи апрели имсол рӯйхати гурӯҳе аз низомиёни Русияро расонаӣ кард, ки дар он номи беш аз даҳ тоҷик ҳам зикр шудааст. Мақомоти Украина гуфтанд, ин низомиён дар қатли сокинони осоишта дар Буча, канори Киев, даст доштанд. Зариф Абдураҳимови 32-сола, яке аз онҳост. Ӯ иддао кард, ки “ин рӯйхати кӯҳна аст”. Абдураҳимов гуфт, дар воқеъ, дар сафи нерӯҳои Русия хидмат кардааст, аммо соли 2018 қарордодашро қатъ намуда, ба Тоҷикистон баргашт.
“Аксари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ба хидмат даъват мешаванд. Онҳоро намепурсанд, ки хидмат кардан мехоҳӣ ё не. Фақат метавони интихоб кунӣ, ки бо қарордод хидмат кунӣ ё ҳатмӣ. Ман ба хидмат барои пул ё шаҳрвандӣ нарафтам. Ман аллакай шаҳрвандӣ доштам,” – гуфт ӯ.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳақиқат, тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, имкони интихоб надоранд. Онҳо уҳдадоранд, ки ба хидмати ҳарбӣ раванд. Ҳатто агар дар Тоҷикистон ҳам хидмат карда бошанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки ба хотири гирифтани шаҳрвандӣ ё даромад ба сафи нерӯҳои Русия мепайванданд. Махсусан ҳоло, ки ба гуфтаи таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов “ба сарбозон барои ширкат дар амалиёти ҷангии Украина маблағи хуб пардохт мешавад”.
"Баъзе фишорҳо ҳам ҳаст. Яъне таҳдид мекунанд, ки агар омада, шартнома накунӣ, мо метавонем аз шаҳрвандӣ маҳрум кунем. Чунин ҳам ҳаст. Агар ба хидмат равед, аз як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андоз (молиёт) бархурдор мешавед. Ба Шумо ҳамчун собиқадор маблағ пардохт мешавад ва шуморо дар сохторҳои маъмурӣ ҳам аллакай дигар хел қабул мекунанд,” – шарҳ дод ӯ.
“Дар сафи нерӯҳои Украина ҳам зодаҳои Тоҷикистон ҳастанд,” мегӯяд Ҳайдаршо Зайдов, тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Украинаро дорад. Дар ин кишвар ҳам мисли Русия, афроди дорои шаҳрвандӣ уҳдадории ҳарбӣ доранд. Аммо ба бовари Ҳайдаршоҳ, “тоҷикони Украина довталабона ба ҷанг мераванд”.
"Ҳатто онҳое, ки шаҳрвандии Украинаро надоранд, вале санади ҳаққи қомат дар ин кишварро доранд, дар ҷанг ширкат мекунанд, зеро онҳо дар ин ҷо оила доранд ва фарзандонашон шаҳрванди Украина ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, оила, хона ва сарзамини худро ҳимоя кунанд. Зеро дар тамоми Украина ҷанг рафта истодааст."
Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ба далели кам будани шумори тоҷикон дар Украина ба фарқ аз Русия, омори зодаҳои Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои Украина ҳам камтар аст.
Бино ба омори расмӣ, дар 6 соли ахир, беш аз 500 зодаи Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Украина шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, дар 5 соли ахир ба беш аз 200 ҳазор Тоҷикистонӣ шаҳрвандӣ додаанд. Аксари онҳо ҷавон ва уҳдадоранд, ки ба хидмат раванд.
Дар солҳои истиқлол зодаҳои Тоҷикистон дар муноқишаҳои зиёди низомии кишварҳои дигар ширкат кардаанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, то ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Ироқу Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҷангидаанд ва имрӯз баъзе аз онҳо дар Афғонистон қарор доштаанд.