Муҳаммад Аброриддинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Муштзани тоҷик, ки дар рақобатҳо дар вазни беш аз 92 кило ба финал роҳ ёфт, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари қазоқ Дамир Тойбай мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Ба иттилои сомонаи sports.kz дар ин мусобиқа беш аз 180 варзишгар аз ҳамаи манотиқи Қазоқистон, инчунин аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.
Мусобиқа аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо сурат гирифт. Дар даҳ вазн мизбонон – муштзанҳои қазоқ пирӯз шуда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд:
48 кг
1. Санҷар Тошкенбой
51 кг
1. Арнур Асканбоев
54 кг
1. Нурсултон Олтинбек
57 кг
1. Бейбарис Жексен
63,5 кг
1. Санаталӣ Толтаев
67 кг
1. Дархан Дуйсебой
71 кг
1. Куан Куатов
75 кг
1. Алиёр Аширов
92 кг
1. Сагиндиқ Тогамбой
+92 кг
1. Дамир Тойбай
Дар се вазн варзишгарони Узбекистон ғолиб омада, медалҳои тилло гирифтанд:
60 кг
1. Аҳтамҷон Муҳиддинов
80 кг
1. Ҷасурбек Юлдошев
86 кг
1. Шоҳҷаҳон Абдуллоев
Ба ин тартиб, муштзанҳои Қазоқистон аз ҳама бештар - 44 медал (10 тилло, 10 нуқра, 24 биринҷӣ) – гирифтанд. Намояндагони Узбекистон 5 медал (3-1-1), Қирғизистон 2 медал (0-1-1) ва Тоҷикистон - 1 медал (0-1-0) ба даст оварданд.