Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, баъди ду пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истанбули Туркия дар даври чорякниҳоӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Ӯ рӯзи 16-уми май дар чорякфинали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни то 63 кило бо Парвин аз Ҳиндустон рақобат кард. Бо тасмими якдилонаи доварон муштзани ҳиндустонӣ ғолиб гардид.
Аз ин пеш Шоира дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт ва дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Ҳаидун Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда буд.
Варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило дар қувваозмоии дувумаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб гашт. Руҳафзо дар даври аввал бар Аида Санталла аз Боливия пирӯз шуда буд.
Қаблан дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуда буданд. Сумайя дар даври аввал қувваозмоиро ба Севда Асенова (Булғористон) бохт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, ҳар чор муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар то рӯзи 21-уми май идома меёбад, ноком шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 2,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.
Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.