"Соро компания" бори дуюм паиҳам барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон шуд

Дастаи “Соро компания”-и Душанбе, ки тими “Сипар”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, бори дуюм паиҳам барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии футзали Тоҷикистон гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни “Соро компаия” (сармураббии даста Пайрав Воҳидов) ва “Сипар” (сармураббии даста Валиҷон Валиев) рӯзи 14-уми май дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид.

Дар ҳайати дастаи ғолиб легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода ду гол, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров якголӣ заданд. Ҳарду голи хуҷандиҳоро Абдусамад Раҳмонов ба самар расонид.

Дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ, ки ду бор тӯби аз пеналти задаро баргардонд, инчунин дастаашро дар якчанд лаҳза аз гол эмин дошт, беҳтарин бозигари ин дидор эълон шуд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 4:2

Голҳо: Идрис Ёров, 10 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 11 (2:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 18 (3:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 28 (4:0). Абдусамад Раҳмонов, 38 (4:1). Абдусамад Раҳмонов, 39 (4:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Маҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания»).

Сардовар: Суҳроб Сатторов (Турсунзода).

Нозири доварон: Икром Мамадалиев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

14-уми май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 850 тамошобин.