Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар дувумин рақобати худ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард.
Шоира рӯзи 15-уми май дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни то 63 кило бар Ҳаидун Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, ба чорякфинал баромад.
Аз ин пеш ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ, ки имрӯз, 16-уми май, доир мегардад, Парвин аз Ҳиндустон мебошад.
Вале варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило дар қувваозмоии дувумаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб гашт. Руҳафзо дар даври аввал бар Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуда буд.
Қаблан дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал қувваозмоиро ба Севда Асенова (Булғористон) бохт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.
Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.