Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия бо иштироки 310 муштзан аз 73 кишвар ҷараён дорад, маълум шуданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чаҳор варзишгар - Сумайя Қосимова (-48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63 кг) - дохиланд.
Аз миёни варзишгарони тоҷик нахуст Сумайя Қосимова 10-уми май ба рақобат мепардозад. Рақибаш Севда Асенова аз Булғористон мебошад. Дар вазни то 48 кило 32 варзишгар барои медалҳо ва ҷоизаҳои молӣ мубориза мебаранд.
Рӯзи 11-уми май ду намояндаи Тоҷикистон вориди рақобат хоҳанд шуд. Миҷгона Самадова бо ғолиби ҷуфти Ю Тинг-Линг (Тайпей)/Сселин Гросси (Фаронса) қувваозмоӣ мекунад. Дар вазни то 57 кило ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд. Рақиби Шоира Зулқайнарова Ҷ. Нура аз Кувайт мебошад. Дар вазни то 63 кило 26 кас ба рақобат мепардозанд.
Руҳафзо Ҳақназарова бошад, 12-уми май бо Аида Санталла аз Боливия рақобат хоҳад кард. Дар вазни то 50 кило теъдоди муштзанҳо 29 нафар аст.
Рақобатҳо миёни занон дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ сурат мегирад: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.
Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.