Дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 30 апрел – 1 май баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар даври панҷуми мусобиқа КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар майдони худ аз “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти низомиён баъди се пирӯзии паиҳам ба шумор меравад.
“Хатлон”-и Бохтар бозии даври панҷумро бо дастаи меҳмон - “Хуҷанд” -и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. “Равшан”-и Зафаробод, ки дастаи меҳмон – “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, аввалин пирӯзӣ ба даст овард.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври панҷуми лигаи олӣ “Хатлон” бо 11 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро нигаҳ дошт. КМВА бо 9 имтиёз мисли пешин дар ҷои дуюм қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 7 имтиёз ҷои сеюмро касб кардааст.
Бозиҳои даври шашуми мусобиқа рӯзҳои 7, 9 ва 12 май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон - 2022
Лигаи олӣ. Даври 5-ум
«Хатлон» – «Хуҷанд» – 0:0
30 апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3100 тамошобин.
КМВА – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:2
Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 36 (1:0). Коуасси Инносент, 64 (1:1). Абдухалил Боронов, 79 (1:2).
30 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 1500 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 3:1
Голҳо: Ҷаъфар Исмоилов, 44 (1:0). Дилшод Бозоров, 67 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 83 (2:1). Алиҷони Айнӣ, 86 (3:1).
1 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2500 тамошбин.
«Равшан» (Зафаробод) – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 10 (0:1). Бахтиёр Зарипов, 14 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 54 (2:1).
1 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 3500 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
5 |
3 |
2 |
0 |
7-3 |
11 |
2 |
КМВА (Душанбе) |
4 |
3 |
0 |
1 |
6-3 |
9 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
5 |
2 |
1 |
2 |
6-5 |
7 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
4 |
2 |
1 |
1 |
5-5 |
7 |
5 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
5 |
1 |
2 |
2 |
4-3 |
5 |
6 |
«Равшан» (Зафаробод) |
5 |
1 |
2 |
2 |
5-9 |
5 |
7 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
4 |
1 |
1 |
2 |
6-3 |
4 |
8 |
«Файзканд» (Восеъ) |
4 |
1 |
1 |
2 |
3-7 |
4 |
9 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
4 |
1 |
0 |
3 |
5-9 |
3 |
10 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод), Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 3 -тӯбӣ.
Даври 6-ум
7 май (якшанбе)
«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)
«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»
9 май (душанбе)
«Истаравшан» – КМВА
12 май (панҷшанбе)
«Хуҷанд» – «Равшан» (Кӯлоб)
«Хатлон» – «Истиқлол»
Эзоҳ: Оғози бозиҳо – соати 17:00