"Раис дурӯғ гуфт". Ронандагон дар Кӯлоб шабона роҳ месозанд. ВИДЕО

Аксари роҳҳо дар дохили Кӯлоб валангор шудаанд.

Як гурӯҳ ронандагон дар Кӯлоб, ки рӯз ба мусофиркашӣ машғуланд, шабона бел мегиранд ва роҳсозӣ мекунанд.

Бахшҳои роҳеро бозсозӣ мекунанд, ки рӯзона ба ҳаракати мошинҳояшон душворӣ пеш меорад.

Онҳо мегӯянд, Идораи роҳсозӣ вазифаашро иҷро намекунад, аз ин рӯ, маҷбуранд, ки худашон дастбакор шаванд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идораи роҳсозии Кӯлоб куҷо шуд?

Камолиддин Достиев, яке аз ин ронандагон мегӯяд, роҳҳҳои шикаста зуд-зуд мошинҳояшонро хароб мекунад. “Ҳар моҳ як ё дубор мошинҳоро таъмир мекунем. Устоҳо ва фурушандагони қисмҳои эҳтиётӣ хурсанданд, ки мо корафтода мешавем,”—гуфт ӯ.

Мушкил дар он аст, ки як сол боз шаҳри Кӯлоб Идораи роҳсозӣ надорад.

Қодир Вализода, шаҳрдори собиқ Идораи роҳсозиро бо сабаби надоштани техникаи зарурӣ барҳам дода буд.

Бахтиёр Назарзода аввали сол раиси шаҳр таъин шуд ва ваъда дод, ки роҳҳоро таъмир мекунад, вале ронандагон мегӯянд, дурӯғ гуфт.

Ин масъулиятро бояд Идораи роҳҳо дар минтақаи Кӯлоб иҷро кунад, вале масъулинаш мегӯянд, аз буҷаи ҳукумати шаҳр барояшон пул надодаанд.

Муродалӣ Хомӯшов, масъули Идораи роҳсозии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, онҳо барои нӯҳ шаҳру навоҳӣ кор мекунанд, вале шаҳри Кӯлоб барояшон пул надодааст.

Ронандагон мегӯянд, аксари роҳҳои шаҳр таъмирталаб шудаанд, вале барои таъмири роҳ маблағ нест.

Шаҳрдори Кӯлоб соли 2022 то 2026-ро соли талош барои бозсозии роҳҳо эълон кардааст. Аз соли 2022 чаҳор моҳ сипарӣ шуд, вале дар Кӯлоб бозсозии роҳҳо оғоз нашудааст.

Кӯлоб, сеюмин шаҳри калон дар Тоҷикистон аст, ки 189 километр роҳҳои маҳаллӣ дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Роҳҳои бечароғак ва хатарноки Кӯлоб. Мақомот мегӯянд, дуруст мекунем. ВИДЕОРоҳҳои Тоҷикистон чаро зуд вайрон мешаванд? ВИДЕОЭҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои навбунёд дар Тоҷикистон